Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Салому алейкум, Нозим Тайибович! – баъди хомўш кардани оташ ва дасту сару рўй ва либосҳо сип-сиёҳ гаштан ва дер тамошои ўро мушоҳида карда, кӣ будани ўро бори дигар яқин донистан, ки дар оташ сўзӣ, дар об ғарқ шавӣ, зери ҷар монӣ ҳам, ин кас дасти ёрӣ дароз нахоҳад кард, қадамзанон наздаш рафта одоб кард Абдуҳамид. Вале дигарон ҳанўз ҳам ба ҷойҳои сўхта менигаристанд, ки мабод аз ҷое оташ забона занад. Зеро об тамом шуд ва қаҳрамонҳо хеле хаста гаштанд.
— Ҳмм... Қаҳрамон-ку! Ана ин корро ба «қаҳрамонӣ» пешниҳод кардан лозим. На ки корҳои беҳударо.
Абдуҳамид дарёфт, ки ў ба кадом нишон тир мезанад. Чаро якбора аз қаҳрамонӣ сухан кард ва ҳама корҳоро «беҳуда» номид.
Яъне корҳое, ки то имрўз Абдуҳамид ба ҷо овардааст, беҳуда.., танҳо оташнишонии ў, ки пеши назари намоянда гузашт, ҳуда.
Гумон меравад, ки намояндаи мўҳтарам дидаву дониста чунин рафтор кардааст; махсус восўхтаро ба дастаи хасалаф партофтааст, то гуноҳи дигаре бар ҳама гуноҳони ў, ки яке рост, саде дурўғ аст, зам гардад. Мулоҳиза кард ў, аммо чизе аз ин хусус нагуфт, ки ба шишаи тафсидаи чароғ об пошидан кори оқилон набувад. Лек намоянда ҳавас дорад, ки сари калобаи суханро кушояд ва сўҳбат оғоз шавад. Гунаҳгор аз ў илтимос кунад, ки корҳои ўро ба роҳи росту нек андозад. Қаҳрамони росткор дидаву дониста ба оташи ў равған рехтан нахоста, ҷилави суханро ба дигар тараф гардонд.
— Дидам, ки бисёр бо ҳавас кўҳу саҳроро тамошо доред ва хеле ба андеша фурў рафтаед, халал нарасондам. Вале ин оташи сабилмонда аз куҷо пайдо шуд, ки фикри шуморо парешон кард.
Нозим Тайиб бисёр зирак, вале баъзе таъбирҳои тоҷикиро сарфаҳм намеравад. Бо вуҷуди он «оташи сабилмонда»-ро хуб фаҳмид. Ва чунин пазируфт, ки мудир чӣ гуфтану чӣ кор карданашро надониста чу каждум заҳр мезанад. Ба андеша фурў рафт:
«Гўё намедонад, ки ҳамин кор аз пасмондаи сигарети ман шуд.
Гўяд ҳам, ин чизро ба гардан намегирам. «Намедонам» хубтарин сухан аст. Одам кушта бошӣ ҳам, ба гардан нагирӣ, касе коре карда наметавонад. Боақлии ин одамро бин, ки кинаашро, бухсашро ошкор накарда, мегўяд, ки ба тамошоят халал нарасонидам. Метавонистӣ, пештар биёйӣ, ошно. Метавонистӣ, сари қўш каҷпаҳлў назада, рост омада бо ман салому алейк кунӣ. Ҳол пурсӣ. Не, ин корро накардӣ. Ронандаи мошини маро хуб ба гап гирифтӣ. Шояд сирру асрор пурсида бошӣ (баъдтар ҳамаашро худаш мегўяд). Ман бачча не-ку? Наход ман аз дили одам чӣ ниятҳо мегузарад, надонам. Не, ошно. Ин як баҳона. Ба рўйирост илтимос кардан гарданат ёрӣ намедиҳад, ҳамин хел думак зада, коратро буд кардан мехоҳӣ. Ман туро медонам-ку, ошно. Як ту не, кулли инсон ҳамин. Думи гурбаро пахш накунӣ, фаххх намегўяд, пар намеканад.

пешина
аз 378
навбатӣ