Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Аз ин ҷо гирифта натавонам, аз Қафқоз мегирам. Бекас нестам... Баъди ин ташвишҳо ин мошин ҳам меравад...»
Аммо ғалоғула андешаи кинаварона ва ҳасудонаашро пароканд ва ў баргашта нафареро дид, ки чобае дар даст болорў метозад, ки пой бар пояш мепечад. Ҷонибе, ки ў дид карда метохт, сармуҳандис нигашт ва алангаи оташро дид, ки чун аждари афсонавӣ хасу хошокро дармекашид. Дигарон низ аз сари қўш шолчаву чакмани чўпониро бардошта, аз паси чобадор меомаданд, мазмун, ба ҷанги оташ.
Нозим Тайиб тамошобин буд ва ҳайрон, ки чун дар паси сари ў чунин рўйдоде шуда. Вай қуттии сигаретро аз ҷайби пешсинааш бароварда, дар нўл гузошта оташ дод ва фўк боло карда дуд ба фазо пуф кард. Ба назари худаш олам дар гирад ҳам, ў бояд ба чунин корҳо ҳамроҳ нагардад, зеро намояндаи ҳукумат ва фиристодаи ташкилоти даромадноки геологист. Ҳол он ки дар пушти пошнаи ў сўхтор рух дода буд ва ин ҳодисаро ба сари намоянда бор кардан нашояд. Зеро актҳо чунинанд, ки ҳама сўхторҳои кўҳу саҳро ё аз дасти шубонон ва ё кори сайёдон. Ва агар ин талу теппаҳо оташ гирад, хоҳ-нохоҳ бори гаронаш ба дўши шубонони моли Хоҷагии ёрирасон меафтад.
Сарчўпон Найим оби чобаро кам-кам мепошад, ки якбора рехта – тамом кунад, оташро то охир кушта наметавонад. Мудир Абдуҳамид чакман зада ҷо-ҷо забонаву дами алангаро паст мегардонад. Оташ аз ҷойи дигар чуғ мегирад. Боз як кас, шояд ронандаи сармуҳандис бошад, шолча мекўбад бар оташ, як пахш мешаваду боз медамад. Бо пойафзор ҳам мемоланду месоянд хасҳои фурўзонро.
Абдуҳамид ба Нозим Тайиб нигоҳ намекунад. Медонад чӣ кас будани ўро. Худашро ба мардумони маҳаллӣ наздиктарин ва ҳамдаму ҳамкору дўсту рафиқ гирифта, бо ҳар роҳ ба таги пўсти онҳо ҷо мешавад ва оҳиста-оҳиста ба пўсташон коҳ ҷой мекунад.
Аз ин рў Абдуҳамид аз ҳама мардумони дигар зиёдтар бо вай шину хез карда бошад ҳам, ҳолиё назди ў рафта, ҳолпурсӣ карданӣ нест.
Зеро хушомад мепиндорад. Гап зада, гап гирифта, чунон ки кабк аз даҳонаш тир хўрад, ў намехоҳад, ки бе ҳеҷ гуна норасойӣ, хешро ба вай бандӣ гардонад. Ҳастанд чанд тан дар ноҳия чунин рўбоҳон.
Ҷосус ё намоянда ва ё дилсўз будани онҳоро кас пай намебарад.
Ў ҳамнишини Саримсоқ. Гўё Абдуҳамид Хоҷагиро ба воситаи ришваву пора аз дасти ҳамон Саримсоқ кашида гирифта бошад.
Забони мурғонро мурғон медонанд. Абдуҳамид чакман бар оташ зада, то охир хомўш кардан ва хомўш накардани онро надониста, андеша мекунад, айб шуд бо ў салому алейк накард. Ба ҳар ҳол ба тафтиш омада бошад ҳам, намоянда ва меҳмон. Ман раваму салом дода «хуш омадед» гўям, мабод ки хушомад пиндорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё