Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Аз дасти кибру ғурур меояд чунин кор.
Дуди сигарети ў дуди тамокуи мулло Гизала барин, ки сари дилам меҷўшад, гуфта аз барги хазони тамоку миёни пораи газета печонида, оташ дода дудашро фурў кашида аз димоғ мебаровард ва баъд як соат месурфид, ки на оби чашм мемонду на бод дошт медод.
Ҳолиё монанд ба андеша чизе ба сараш меояд, аммо ғуборолуд:
Мудирро «хўрд» гуфта навиштанд. «Дар девлох мол намонд» гуфта навиштанд... Баракс метобад. Ё ҳамааш моли худашон бошад? То шумор гузаштан моли кадом колхозро пеш андохта оварда бошад?
Дўғу даранги чўпон бебало эмас. Ягон балосӣ бор. Набошад ин хел рафтор намекард. Яқин таёқро ба сари ман бардошта буд. Келасро баҳона мекунад. Узви партия нест, барои ҳамин аз ҷавобгарӣ берун хаёл мекунад. Ин хел касон, ки ба сафи партия дохил намешаванд, як навъ худро озод эҳсос мекунанд. Накушанд, надузданд шуд. Ҳеҷ кас онҳоро коре карда ва ё ҷазое дода наметавонад. Зеро ҳама кор ва вазифаҳоро партия роҳбар аст ва ҳар гунаҳгор аз ҷониби ў ҷазо мебинад, дигар органҳо бо тафтиш саргардонанд, аз ин рў бепартиявиҳоро вазифаҳои оливу курсиҳои баланд насиб нагардад ҳам, кашоварзӣ, чўпонӣ, дуздӣ-дуздӣ чаканафурўшӣ мекунанд то ба даст афтодан. Аз фарзандони Одам мерос монда чўпониву кашоварзиаш. Боқӣ ҳамаро рўзгор омўхта. Муборизаву қатл низ аз он касон монда. Сонӣ аз пайғамбарону шоҳон.
Ў восўхтаи сигареташро хомўш накарда ё аз лаб гирифта ба оташи он туф накарда ба пушти нохун камонғўлак кард. Аммо эътибор надод ва надид, ки афкандааш ба куҷо ғалтид. Зеро банд буд ба муаммои «камомад» навиштани аризабозҳо ва зиёд будани моли Хоҷагӣ. Бо чунин хаёлҳои виқору ниқор дуд баровардани хасу алафҳоро низ надид. Оҳиста-оҳиста дуд зиёдтар гашта, майдонаш фарох мешуд. Нозим Тайиб паси сар ба дуд гардонида майдони фароху беохири самтҳои шимоливу ғарбӣ ва ҷанубу ғарбии мулкро тамошо мекард ва чӣ фикру хаёлу андешаҳо дошт, танҳо худаш медонист. Нигоҳаш аз ҳама ҷой канда шуда, чунон ки кас аз дунё ноумед гашта бошад, дарахтони бутта-бутта намоёни кадом маҳалро нодида гирифта ва дар дуртар кулбаҳои гилиро ҳам надида, аз гамбусквор хазидани мошинҳо ҳам чашм канда, дида ба мошини «Волга»-и сафеди мудири Хоҷагӣ Абдуҳамид дўхт. Хеле нигарон истод. Албатта дар ин муддат чӣ хаёлҳое аз сараш гузашт; саргузашти соҳиби мошинро ё оламро такорў кард; ҳама баду неке, ки дар бораи ин одам шунида буд, хоса ҳамин шабу рўзҳо шунида буд, ба сарнавишташ зам кард, сонӣ чӣ маъние бароварда, худ ба худ сар ҷунбонд: «Маро бегона медонанд-дия, мошинро ба ман надода, ба ў доданд. То ҳол ман бемошин... лекин мегирам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё