Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Трактор бори панҷум заминро мегардонад. Ҳанўз ҳам поза дар ғўту товаҳо дармонда, трактор чун паҳлавони ҳузарбу нерўманд наъра мекашад, ки ҳарифро ба осмон бардошта, ба замин мезада бошад. Ва ҳар бор рўи шудгор сангзор мешавад ва баччаҳо гоҳ механданду гоҳ андўҳгин мешаванд аз чунин рухдод.
Падар мегўяд, ки ҳамаи ҳамин санги рўд. Замоне Зарафшон бо ҳамин замин ҷорӣ будааст ва бо мурури замонҳо заминро арра карда ба қаър фурў рафтааст; ҳолиё ҷон канӣ ҳам аз он пастии рўд ба ин баландӣ об кашида наметавонӣ. Тақрибан чаҳор-панҷ км фурў рафтааст Зарафшон. «Чӣ қадар сол гузашта бошад аз пайдо шудани Зарафшон? Милиён?... Милиард?» Инро касе намедонад, чунон ки офаринишро... Чизе фаҳмида намешавад: гетишиносоне ҳастанд, ки мегўянд: «Кўҳҳо ҳам, шахҳо низ месабзанд: баланд мешаванд. Дар натиҷа обҳо дар қаър мемонанд.» Шояд ҳарду рост бошад. Ба ҳар ҳол рўдҳо хеле паст мондаанд, ки олимону
1 муҳандисон далву чархоб ва обдаркаш ихтироъ карданд.


Виқораш баланд сармуҳандисро. Ба уфуқи беохир нигариста ва чашм танг карда, ба хаёл меравад, дунё аз они ў бошад ва ҷуз ў дар ин олам касе нест. Дар рўйи замин ин хел ҷондорон зиёд.
Калла пуч, таҳу бунёдаш суст, аммо чизҳоеро пушту паноҳ дониста, рафторҳое мекунад, ки ба гуфтану навиштан ва тасвир кардан сурату симои ўро рўйи коғаз оварда намешавад. Айнан ҳамон серкаи кашидаро мемонад, ки сари санг баромада кибру ғурур ва бинову таманное мекунад, ки таккаи солим чунин рафтор карда наметавонад. Маълум мешавад, ки ҳама калонигариаш аз пушти шоху риш аст. Ва ё медонад, ки рамаро ў саркаш аст; ҳар ҷое тоб хўрад, рама аз паси ў меравад. Илоҷи кор вобаста ба пою шохи ўст. Шояд садои зангўлаи гарданаш ўро ба чунин ҳол оварда бошад, ки дар ин рама танҳо дар гардани вай овехтаанд садобароракро? Вагарна ў ҳам аз зоти ҳамин таккачаҳо, ки ҳоло афканда, чаҳор дасту пояшро дошта, халтаи хояҳояшро чок карда тухмҳояшро кашида, канда пеши саг напартофтаанд. Ҷойи исти ў як зина баландтар аз дигарон ва албатта камандешро бойиси ифтихор мешавад. Дар чунин ҳол ва маснаднишиниву мартаба ҳарчӣ аз дасташ ояд, бояд бикунад; аммо ғурур чунин зоғсоронро сўйи накўкорӣ намебарад, балки ришашонро тоб дода аз ин ҷойи истодашон ҳам баландтар ба сари вартаи ҳалокат мекашад ва нишон медиҳад, ки баландтар аз ин ҷое нест, бадхоҳ ва баддидаатро афкан ба ҷаҳаннам. Ва ё вазифадор шуда бошӣ, ки душмани дўстатро нобуд бисозӣ, бо ангуштат дўзахро биҳишт нишон бидеҳ

  1. Насосҳои обкашӣ ва як лагад аз пасаш зан; худаш ҷояшро меёбад.
пешина
аз 378
навбатӣ