Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Агар илоҷаш бошад, баччаҳо, сангҳои зўррасро ба саргаҳи замин баред! Он ҷо обанбор месозем, санг бисёр лозим мешавад.
Ин вақт Бекмурод ба трактор об андохта, равғану соляркаашро чену баркаш кард ва даргиронд, ки олами хомўшу хуфтаро ба ларза даровард ва баъд чамбаракҳо ба рўйи тасмачархи замингазида ғелида ба замин даромад ва омоҷи бисёрдандонаву гаронвазнро ба рўйи сангчол партофта фурў дод. Боз ҳамон садоҳои гўшхарош ва бўйи сўхтаи оҳану санг ба гўшу машом мерасид. Ба қавли баччаҳо «Замини нав» ё «Замини хурд» аз сангҳои азиму бузург, ки бо путк шикаста сари воту гирди замин бароварда, ҳудуди майдонашонро муайян мекарданд, тоза шуда, миёни сангчол ва сангчаҳо ҷо-ҷо нишонаи хоки регомехта намоён мегашт. Дасти баччаҳо обила пайдо карда, кафида аз нав рў баста буданд.
Додарзодаҳои бо ҳавас ё ба ёрӣ омада роҳи гурез меҷустанд.
Вале духтарчаҳои рустойӣ ва кўҳистонии баъди аз гаҳвора баромадану роҳрав шудан ба меҳнат одаткарда сангчаҳои шикаставу реғаи аз қабат-қабати хоку рег баромадаро сара карда, сатил-сатил ба ҷойи фармуда ва таъингашта бурда мерехтанд.
Кори саҳро ва коштану сабзондану чида ҳамел кардани тамоку ва чидани меваҷоти хоҷагиҳои Марғедару Навобод ҳам ба умеди духтаракон аст, ки сари пой шиштаву хеста сатилу замбар аз сангмайдаҳо пур мекунанд. Пас рўзноманигорон газетаҳоро саҳифасаҳифа ба ин коргарони беминнат мебахшанд, ки занони тоҷик фарзанди солим зоида наметавонанд. Зеро тарзи зиндагиашон ин хелу он хел. Рост. Зиндагӣ ва кору бори хонаву саҳро ва колхозу совхозҳо ба умеди занону духтарони рустоҳо. Аз офтоб зиёдтар кор мекунанд онҳо. Пиндорӣ, ҳамаашон корро аз Абдуҳамиду Бекмурод ёд гирифта бошанд.
Абдуҳамид лаби наҳри «Марғедар» меравад, ки баъди чанд муддат оби онро шова мекунанд ва тоза кардани наҳр сар мешавад то баҳор. Ва ҳам обҳои ҷўйборон дар зимистон кам мешавад ва агар оби Рўдакро ба наҳр гардонӣ, ба рўди Зарафшон об намерезад. Хулоса, то вақти кишту кор дигар об лозим нест. Заминҳои даркориро аз оби қавс бароварданд; хотирҷамъ шуданд.
Аммо кори Абдуҳамид авҷ мегирад. Насосро шинонда, трубаро васл карда то саргаҳ бурда ба ҳавз расондан лозим меояд ва боз аз қабати деворҳои обанбор қубур кашида то сарҳадҳо бурдан лозим мешавад; ҷўйборҳо дуруст кардан ҳам зарур. Ин ҳамин тавр тарҳи кор. Чун об омад, дар рафти кор ҳазору як кори дигар мебарояд.
«Ана ҳамин хел: тоҷик барои худ хизмат карда наметавонад.
Барои ҳайвон заҳмату миннат мекашад, ки судаш мекунад. Боз ҳамон масъала: хўрдан барои намурдан.»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё