Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дил эътибор; дили касро бояд фаҳмид. Шукри Худо, фарзандҳо калон, пешашон хонадор. Гуфти худатон, худо аз ғам нигаҳ дорад, ғам неву ташвишашон зиёд. Як чизро пайдо кунӣ, сад чизро пайдо намекунӣ; сад чизро пайдо кунӣ, як чизро пайдо намекунӣ. Ба кўрпа нигоҳ карда пой дароз кунӣ, тарафҳо қабул надоранд. Замона дигар. Ҳар рўз як мўди нав мебароранд.
Нагирӣ, дар тўқуз ину онаш намерасад, мегўянд.
— Барои ҳамин мо пеш намеравем. Фикру зикрамон дар корҳои беҳуда сарф мешавад. Ба одам шудани фарзанд эътибор намедиҳем, вале ҳамсоя нахандад, ман бояд аз ў беҳтару бештар кунам, гуфта, худамонро ба гарав мемонем. Ҳолӣ ба мо осонтар.
Дар тарафҳои ҷануб «қалин» гуфтанӣ чиз будааст; маҳрпулӣ ё ширпулӣ. Ана ҳамин чиз имкон намедиҳад, ки ҷавонон одамвор хонадор шаванд. Хонадор шаванд ҳам, ба қарз ғўтида, баччаву качадор шаванд ҳам қарзро адо карда наметавонанд. Нангу ори мо ба ҳамин чизҳо равона шудааст. Андешаҳои зиёди ман аз ин ваҷҳҳо. Як сарвари дилсўзу ҷонсўз надорем, ки ин ҳамаро фаҳмад.
— Ба номи худо, ман гумон доштам, ки шуморо зиндагӣ пахш кардааст, барои ҳамин ин қадар саратон хам ва гирифтори фикру хаёли хештан мегардед. Аз ҳама бештар аз он ки фарзандонро оварда, дар ин санглох азоб медиҳед.
— Не. Ин чиз азоб нест, роҳат. Аз он ки дар кўчаҳо пору пахш карда гарданд, ин хубтар аст. Аз бекории бачча ҳар кори нохубу безеб рух доданаш мумкин. Дигар ин ки онҳо аз ин кор на пул мегиранду на рўзи меҳнат. Корро ёд гиранд, мегўям. Ман дар ҳавлӣ ҳам инҳоро чунин кор мефармоям. Даҳ раҳ заминро побел мекунанд, пору рехта боз мегардонанд, сонӣ ягон чиз мекорем.
Дар ин ҷо ҳам ниятам чунин аст.
— Офарину салламно ба чунин падар!
— Ба фикри шумо, ҳамин санглохро замин кардан имкон дорад?
— Ин заминро даҳ раҳ гардонед ҳам, замин намешавад. Беҳ, ки хоку пору кашонда...
— Рост. Қавлатон маъқул. Фикри шумо дар сари мо ҳам ҳаст.
Аммо аввал сангро тоза карда, баъд хоку пору кашондан лозим.
— Мешавад, раис. Ҳозир чӣ бисёр, порўҳои минералӣ. Об бошад, сангро ҳам сабз кардан мумкин. Лекин шумо аз ман малол нашавед. Ин дунё кирои хафа шудан надорад. То замини нав сабз нашавад, ман аз ин ҷо намеравам.
Дар лаби Абдуҳамид табассум дамид. Ба худ аҳд кард, ки дигар андешаманд нагардад. Зеро одамон аз гашту андоми гирифтаву ҷиготи боронӣ рамуз мегирифтаанд.

пешина
аз 378
навбатӣ