Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мо сарбозони партия: куҷо фиристад, ҳамон ҷо меравем.
— Ман ҳам медонам, ки мо бандаи кас, бандаи зиндагӣ; илоҷе карда рўзамон гузарад, мегўем, зану фарзандамон лучу гурусна намонад, мегўем. Ба шумо дурўғ, ба Худо рост, ҳамин қадар донистам, ки дар ин олам омада, ҷуз хорӣ кас чизи дигаре намебинад.
Ин бор Абдуҳамиди пурдида ва эҳтиёткор ба андеша рафт:
«Чаро Бекмуроди тануманд, ки тори трактор нишаста, баланд месурўд ва овозаш садои мошинашро пахш менамуд, яку якбора ба шиква гузашт? Магар бо ў ё бо ягон фарди хонадонаш кору ҳоле шуда?
— Мулло Бекмурод, аҳли хонадонатон бе дарду ранҷанд?
— Худоро шукр.
— Ба худатон ягон чиз нашудааст?
— Не. Чӣ буд?
— Якбора аз дунё гилагар шудед?
— Рост мегўм, ако. Дурусттар фикр кунеду нигаред, чизе надорад ин дунё. Ҳама макру фиреб аст. Ҳамин қадар дарёфтам, ки дунё ду чашм дорад, агар бинӣ дар миён набошад, яке дигареро кофта мехўрад. Аз ин зиёд гуфта наметавонам дар бораи ин ҷаҳон.
— Шумо дар бораи дунё не, дар бораи одам мегўед. Малол шудед аз кор? Меравед?
Вале Бекмурод низ дар навбати худ ба зудӣ посух надод. Шояд беҳуда гуфт. Зеро биринҷи замона оббардор набувад.
— Чанд бачча доред? – саволи маъмулии тоҷикӣ шуд, ки ҳар каси бори якум дида ва ё ҳамсафар шуда сўҳбатро аз ҳамин сар мекунад ва аз рўйи саршумори фарзанд бадавлат ва ё бедавлат будани якдигарро муайян мекунанд.
— Шукри худо, даҳ нафар.
— Ман барин бадавлат будаед. Ман ёздаҳумашро нигарон.
— Шумо бадавлаттар хоҳед шуд.
— Худо хоҳад. Шояд ғами зиёдатон аз ҳамин бойис бошад?
— Чӣ гуна ғам?
— Мудом мебинам, ки гирифтори андешаҳои хеш мегардед.
Бо касе шишта сўҳбат намекунед. Хаёл мекунам, ки ғаматон гаронтар аз ин кўҳҳост.
— Худо нигаҳ дорад аз ғам. Худованд камро диҳаду ғамро надиҳад. Ман ҳам ашулаҳои шуморо шунида, хаёл мекунам, ки дар рўйи замин хуррамтар аз шумо касе нест. Лекин аз суханонатон дарёфтам, ки зиёд андеша доред аз ваҷҳи рўзгор ва ғам ҳам мехўред. Магар ғаматон, чунон ки гуфтед, ғами фарзандҳост?
— Дидед, одамро бо ақли чашм шинохта намешавад. Маълум ки чеҳраву қиёфаву ваҷоҳат ва андоми одамӣ чизеро ифода карда наметавонад.

пешина
аз 378
навбатӣ