Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Падар намехост ин қадар баччаҳоро ҷабр кардан, аммо дар кўчаву бозор ҳел-ҳел гаштани онҳоро хуш надошт. Дастпўшак харида омад. Болойи ҳама ташвишаш хўрокҳои хуб пухта фарзандонро мехўронд.
«Мусобиқа акнун сар мешавад: шумо пештар замин месозед ё ман аввал обро мебарорам?»
Баччаҳо ба якдигар нигариста, чашмакӣ заданд ва баногўшӣ карданд. Қуръаи фол ба номи писарбузург Найим афтод, то посух диҳад:
«Шарт ҳамин ки додо, трактор дигар ягон раҳ шудгор накунад.»
«Не. Ин хел не. Хоҳед, ки ҳамин қадар меҳнататон зойеъ равад, майлатон. Лекин дар ин хел замин ғайри санг дигар чиз кошта намешавад. Мо бояд замине созем, ки тухми ҳама гуна зироат кошта шавад.»
«Замини ҳавлӣ барин даҳраҳа мекунем, гўед, додо?!»
«Ҳамин хел. Сангчиниаш даҳраҳа. Боз хокрезӣ ҳаст, порупўшӣ ҳаст; боз ҳамаи инро якҷоя омехтан ҳаст... Шумо саросема нашавед.»
Ҳар кадом умед аз анҷоми кор канда, сари вотҳо сари по нишастанд.
Ягон ҷондоре ба сари замину ҷойи кор пайдо нашуда ва шояд коргарон аз ҷогаҳ бурун наомада Абдуҳамиди Холиқ сари замин ҳозир мешуд ва аллакай кафшергарӣ карда шарораи оҳану барқро мебаровард.
Кори сахт. Чандин бор шудгор кардани замин ба дили тракторчиҳо ҳам зад, ки камҳавсала шудаанд.
— Охир, садои соиш хўрдани сангу оҳан ба диламон зад.
Сӣ сол аст, ки трактор меронам, лекин ин хел машаққатро ёд надорам, ки аз санглох замини корам сохта бошанд.
— Шумо кори фармударо кунед, додарам, аз оқибати он фикр накунед ҳам, мешавад.
— Охир, бародар ҷони маро ҳоҷӣ Кулол насохтааст. Ман ҳам одам; асаб дорам. Аз ин дунё лаззат бурдан мехоҳам.
— То ҳамин вақт фикри он дунёро гап мезадед, ба шумо чӣ шуд, Бекмурод?
— Бемалол бошад, моро ҷавоб диҳед.
— Ихтиёри шумо дар даҳани ман нест. Шуморо яксола ба ин хоҷагӣ вобаста кардаанд. Шумо гумон доред, ки ҷони маро ҳоҷӣ Кулол сохтааст? Ман ҳам шумо барин тани гарм дорам, аммо ҳеҷ гоҳ шикоят намекунам. Ҳар кор, ҳар чиз вақту соат дорад. Вақту соаташ расад, бе илтимоси ману шумо ҳам трактори шуморо аз ин хоҷагӣ ба ягон ҷойи дигар мепартоянд. Худо донад ман ҳам алафи ин заминро медаравам ё не, ба куҷо мефиристанд. Ихтиёри мо дар дасти худамон нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё