Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Рост, ако. Кори ман қариб тамом мешавад. То он вақт ягон зарурате пеш ояд, мегўям.
Экскаватор дар саргаҳ таҳдоб мекофт барои обанбор сохтан.
Булдозер ҳамоно наъра мекашид. Солҳое буд, ки ҳама «Замини Навкорам» ва «Замини Хурд» барин асарҳоро мехонданд. Дар саросари давлати Шўроҳо ободонӣ мерафт. Дар тамоми соҳаҳои рўзгору хоҷагии халқ як пешравии баробар ба назар мерасид.
Дар соҳаи кашоварзӣ ҳам, дар соҳаи фарҳанг ҳам. Китоби нав ба табъ расида дар мағозаҳо як ҳафта намепойид; даст ба даст мерафт. Ду китоби зикршударо ҳам ба ҷустан пайдо намекарданд.
Чунин кўҳу талҳоро замин кушодан ҳам ба он солҳо рост омада буд ва ё идомаи он корҳо маҳсуб меёфт. Ҷонфидоён Абдуҳамидҳо буданд, аз назарҳо афтанд, ба меҳнаташон як кас баҳо намедод.
Вале ин мард аз баҳри ҳама роҳати дунё баромада, меҳнати бошараф мекард; меҳнатро роҳат медонист.
Воту марзаҳои дароз-дароз бардошта шуд, то вақти дарав алафдаврак зуд-зуд огард нагирад. Гарчӣ палу майдонҳо тахт шуданд, дар сангзор тухмӣ пошида намешуд. Чунон ки солҳои қаҳтӣ дар колхозе ба ҷойи дон рег бурда ба замин пошида буданд, чизе сабз нашуд.


Трактори тасмачарх ба кор даромад.
Ва акнун ба неши нохуну сари панҷа сангҳои поза ковоку ноҷо кардаро мечиданд. Нўги ангуштони баччаҳояш гўшт гашта буданд. Бо вуҷуди он аз кор намемонданд. Зеро медонистанд, ки падари бонангу орашон ба коре даст занад, то он корро хуб ба роҳ намонад, хобу хўрро намедонад. Ғўту сангҳои гаронро тела дода ва то зўрашон расидан баччаҳо ғелонда сари мазраъ мебароварданд ва сангпораҳоро бо замбару замбарғалтак ва сатилҳои кўҳна ба вотҳо рехта, замини ноҳамворро пал-пал ҷудо мекарданд, то об нигаҳ дорад...
Ҳоло об набаромада, борони тирамоҳ рехт. Санглох нам гирифт. Трактор андохта шудгор карданд, плугу поза роҳ намерафт.
Ҳар ҷо-ҳар ҷо садои сангро харошидани поза меомад; дуд ва баъзан шарора баровардани оҳану санг ба чашм мехўрд. Ҷо-ҷо тобасангҳои сиёҳро канда натавониста, ҷаста рўғозак мерафт позаву плуг. Ва «Замини нав»-и баччаҳо ном гузошта аз нав ба сангзор мубаддал мегашт, ки фарзандонро дилгир карда буд.
Писарони ба мактабҳои марказ хонданӣ рафта, саргашта шуда оянд, ба чунин меҳнати сахт рў ба рў мешуданд; ҳеҷ гарданкашӣ ва ё баҳона оварда наметавонистанд, сухани чунин падари бузургу хидматгорро гардондан ё ду кардан имкон надошт. Худ аз худ дасту пояшон ва дилашон ба кор майл мекард.

пешина
аз 378
навбатӣ