Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Зеро баъзеҳо ҳаминро ҳам надоранд; ба ҳезумфурўшӣ, коҳфурўшӣ, ба шутурхор ё алафу хасбеда ҷамъ карда фурўхтан ҳам чунин хўроки шоҳона пайдо карда наметавонанд. Ба ростӣ хўроки ҳамаи меҳнаткашон як мебошад. Ҳатто дар қатори ҷўяҳои тамоку каландӣ кунанду баргчинӣ ва дар хонаашон таги дарвозахонаҳо рўйи як қабат гилем ё пўстак нишаста барги ин растании заҳрмаззаро гузаронанд ҳам, хўрокашон нону об ё нону чой, баъзан нону ҷурғот аст. Зеро ҳама чизро дошта бошанд ҳам, вақти ҳамонро одамвор пухтану хўрдан надоранд. Бо чунин корҳо машғул шаванд, вақт аз даст меравад. Вақт рафт – нақд рафт. Ягона чизе ки дар ин замон ҷони кашоварзонро мехарад, ҳамин хазони тамокуст. Абдуҳамид ҳам дар як лаби замини навкорам ҳамин филгўши филмурғпоро коштанист. Аз ин рў, ки аз ҳукумати ноҳия то марказ ба ин кор ҳавасманд ҳастанд.
— Ако, бед, чой хурем!
Мудир, тракторчӣ ва ёэкскаваторчӣ ва ё ягон нафари дигар наздиктар бошад ба сари хони шоҳонааш даъват мекунад Дўстмурод.
Ҳар касе аз эшон бошаду ояд, албатта термос дар як даст кашол ва дар дасти дигар бастаи фўта, ки чӣ доштанаш баъди кушодан маълум мешавад. Тақрибан ҳама якхелаанд. Агар ранги нон ва ё навъи аз кадом орд пухта шуданаш набошад, ҳама якранганд:
нони расида. Абдуҳамид ҳам он чӣ дар бордони мошин дошта бошад, меорад. Ва ў нисбат ба дигарон як бартарӣ дорад, ки дар бордони мошинаш як шолча ва як кўрпача гирифта мегардад.
Гоҳи оварда рўйи замин густурданаш «Болишташ нест-ку, ако?»
гўён шўхӣ мекунанд. Табассум мекунаду сар меҷунбонад. Ҳама одат кардаанд ба чунин хомўшона сухан кардани ў. Як навъ дар дил хушнудӣ мекунанд, ки аҷиб касест Абдуҳамид. Гўё аз даҳонаш ҳарфе барояд, дар тамоми водӣ паҳну парешон ва овоза мешуда бошад. Кори бад надорад, сухани ноҷо намегўяд, ғайбатро бад мебинад, лофчиву газофгўй ва дурўғгўйро душмани Худо мешуморад ва боз он қадар эҳтиёткор аст, ки худаш донаду Худо.
Пурбин. Дурандеш.
— Ман барои шумо чӣ хизмат кунам?
— Шумо ҳам мо барин коргари геология. Хизмат бошад, идорашинҳо ягон фикр мекардагистанд-дия.
— Албатта ҳамаамон як корро иҷро мекунем. Ман кору хизматҳои шуморо дида, дилам мехоҳад, ки ягон ёрмандӣ кунам...
— Саломат бошед. Ба калонҳо расонед, ки нағз кор мекунанд, мешавад. Ҷамъияти мо як ҷамъиятест, ки ҳама барои як кас ва як кас барои ҳама кор мекунанд.
— Ҳамин хел тарбият ёфтем, бояд ба ҳама чиз ва ҳама гуна сухан бовар кунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё