Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Мўҳтарам Фолбин! Мо асбоби кашшофӣ надорем! Шумо рў ба рўйи ҳамон мўъҷиза биистед; чашм пўшида, ду дастро каф ба каф гузошта самтро нишон диҳед, то нақбканҳо зуд ин корро анҷом диҳанд! Вагарна Олампаноҳ ҷойи гўри ҳар кадомро аниқ кардаанд, то киро дар кадом самти чоҳи «Марги муш» ба хок супоранд!
— Худаш маълум-ку, мўҳтарам Муҳандис! Ана ҳамин хел!
– Чунон ки Муҳандис фармуд, чашмонашро пўшида, ду даст каф ба каф гузошта пешрў ёзид: – Ана ҳамин хел рост, каҷу килеб накарда, кофта мераванд. Чун наздик оянд, девори тунук сафедча шудан мегирад; ин аломати ҳамон нур аст. Он нур қувваи чандин моҳчароғи якҷоя шударо дорад; мисли моҳи сунъии Муқаннаъ.
Кўҳҳову шахҳо он қадар матину гаронвазнанд, ки зўри нур нарасад; вагарна кайҳо сўрох карда ба олам шабу рўз шўъла мепошид ва тираву тор гуфтанӣ чиз барҳам мехўрд...
Ва Ҷосу шунид ин ҳама сўҳбатро; ба гўшаш бовар накарда, харона афшонд, то ягон ҷояш гирифт карда бошад, кушода шавад. Аммо равшантар шунид давоми сухани Фолбинро: «Ҳамаи он мўъҷиза ба муроди Олампаноҳ Росуст!» Дигар тоқат карда натавониста сўйи Росу тохт Ҷосу ва мў ба мў гуфт достонро.
Росу аз таги гап огоҳ буд; бо шунидани чунин ҳарф дар ранги рўяш тағироте пайдо нашуд, балки мутафаккирона ришак кашид, як бор оруғ дод, мадд ҳам кашид: «Ҳммм... Доно вай!» Лек «ин кунеду он кунед» нагуфт. Ҷосу хиҷолат кашид, ки беҳуда овард чунин хабарро: «Писанд ҳам накард-э!» Ў медонист, ки агар Росу ҳарфи овардаро таваҷҷўҳу таҳҷўйӣ накунад, ҷавоби хуб надиҳад, аломати нохушист. Аз ин рў Ҷосу пешомади нобоберо бояд нигарон шавад.
«Ин хабарро Фолбин се моҳ пештар расонда буд».
Ба назар бепарвоёна фармуд Росу ва лаб лесид. Ба тани Ҷосу рашъа давид: «Магар?...»
Росу дид, ки ранги бадани Ҷосу бо арақи танаш ҷўя-ҷўя нишеб шуда заминро тар мекунад; чунон ки одамӣ эзорашро тар карда, пешобаш то замин шорида бошад.
«Ту то ҳамин дараҷа тарсу ҳастӣ? Натарс! Баданат ҳаром!
Ба ту кордор намешавам. Лек на ҳамчун ҷосус, балки чун вазир ба сохтмони нақб роҳбарӣ бикун. Ба шунидам: миёни Фолбину Муҳандис ҳамдигарфаҳмӣ нест. Муҳандис қатаған, Фолбин ҷияни ман. Фаҳмост?!»
«Оре, фаҳмост, Олампаноҳ! Ҳоло чунин касро модар назодааст, ки ҳарфи шуморо нафаҳмад ё хоҳишатонро иҷро накунад! Иҷозат фармоед, аз паси кор шавам!»
— Чаро пойҳоят меларзанд?
— Аз шодӣ, Олампаноҳ.
— Шодии чӣ?

пешина
аз 378
навбатӣ