Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Шумо ба ман умри себора бахшидед.
— Чӣ хел себора? Дубораашро медонистам, лекин себорааш...
— Як бор зоида шудам; бори дигар аз даҳони гурба раҳо ёфтам; ҳолиё маро наҷот додед. Тамоман умедамро аз зиндагӣ канда будам. Олампаноҳ, ташаккур ба шумо. Зиндагӣ, дўстдориро ман аз шумо омўхтам; ба дўст некӣ карданро аз шумо ёд гирифтам; дасти фитодаро гирифтанро шумо ба ман ёд додед: «Ба дўст як ронатро бурида деҳ!» гуфтед. Умуман бо як калима гўям: «Дуст дошта тавонистан»-ро низ аз шумои беназир омўхтам.
— Ғазаб, нафрат ва қасосгириро чӣ?
— Дар шумои боақл чунин хислатҳои нокасӣ нест!
— Ба ҳар ҳол як бор худатро ба Фолбин нишон деҳ, сонӣ ба кор шурўъ бикун!
Ҷосу назди Фолбин омад. Чун танаш ва дасту пояш меларзид, сараш худ аз худ ба як тараф мепарид, сухан гуфта наметавонист.
Фолбин чунин ҳол дида ҳайрон шуд ва аз ранги бадан дигар карданаш дар ҳайрат монд.
«Аз гуфтанаш метарсам».
Фолбинро ҳайронтар гардонд:
— Аз гуфтани чӣ?
— Аз хунам гузаред, ҷаноби Фолбин.
— Гузаштам.
— Шумо, ки ҷияни нозғунҷи Олампаноҳ ҳастед, тарсам аз гуфтаи эшон шуморо гуфтан.
— Бифармоед! Ман донам, ки Росу-тағо шуморо наздиктарин одами худ донанд.
— Гап ҳамин: он кас гуфтанд: «Як бор худата ба Фолбин нишон деҳ!»
— Саҳл будааст-ку. Шумо имшаб хоб равед, ман ҳам хоб равам, саҳар мақсаду муродро гўям.
Вале он шаб Ҷосуро хоб набурд; тамоми шаб ларзида баромад ва дандон ба дандон заданаш дигаронро низ нагузошт, то хоби бароҳат раванд. Боз фолгузории коҳин чунон таъсираш кард, ки ба назар мўйи танаш дар як лаҳза рехта лучи модарзод гашт; суп-сурх гўшт. Айнан мурғи дастгоҳи чўҷабарорӣ барин – туллаккарда, ки аз мурғ ҳам дили кас мемонад; назди саг андозам мегўйӣ. Фолбин чандон ҳарфи ноҷо нагуфтааст. Хеле боодобона «Ба наздикӣ Росу аз шумо халос мехўраду шумо аз ў» гуфт. Ҷосу ба таври худ ҳар гуна тахминҳо карда, зиёд ғам хўрд ва зиёдтар дар ташвиш монд: мўякҳои дубора сабзидааш чунон сафед гашт, ки дар торикиҳои нақб ҳам ўро мешинохтанд. Мушҳои боимон «кори Худо» гуфта ба Ҷосу бештар эҳтиром оварданд чунон ки мардуми музофот ба Ботурбой. Аммо онҳое, ки иродаи қавӣ доранд, ба кирдору рафторҳои Росу ва Ботурбой бовар намекунанд.

пешина
аз 378
навбатӣ