Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ҳама ақлу фаросати ҷиян ҳамин буд; заковати деҳотӣ, ки гўё бо «биҳиштӣ» гуфтан муродро фаҳмонид, лек Росу чунин рамзу кинояҳоро намефаҳмад; луччаку пўстканда бояд гуфт; зеро чунин касест, ки каллапочаву гўшту пўстро гурбавор якҷоя хўрад ва гарде аз тўъмааш ба замин нарезад. Мармуз гуфтану фаҳмидан тамоман мактаби дигар бувад.
— Ту аз ғор сухан мегўйӣ ё аз биҳишт?
— Ё ҳарду, тағо!
— Девона!
Ҷиян чизе нафаҳмид. Аммо пай бурд, ки Росу як навъ ғазаб дорад. Тарсид: «Мабод, ки рўзи Раммол ба сарам ояд».
— Шумо хафа нашавед, тағо! Дар ғор гўшае аз биҳиштро дидам, ки танҳо барои шумо тайёр карда мондаанд. Дигар кас ҳуқуқи ба он ҷо даромадан надорад. Ҳама тахту бахт дар он ҷо...
— Шаф-шаф нагуфта, якбора «шафтолу» гўйӣ, мемурӣ?!
— Ман медонам, ки шумо ба ҳар гуна тахмину «масалан» бовар надоред, барои ҳамин оқибату охиратро ёдрас кардам, ки зоро ҳавасатон омада, роҳи ғорро зудтар кофта то ба он ҷо расед ва қудрати Худоро бо чашмони саратон бинед.
— Ман? Ман канам-а?!
— На. Шумо фармоед...
— Ягон мўъҷиза?
— Дар китобҳои хондаам набишта, ки ҳеҷ мўъҷизаи рўйи Олам ба Биҳишт баробар шуда натавонад...
Мўйи тани Росу ҷунбид. Гавҳараки чашмаш ҳам якбора даҳ маротиба кушод шуд. Як назар ҷоеро дид, ки дар ягон гўшаи Олам надида буд. Худ аз худ баҳри дилаш кушода шуд ва сўйи ҷиян табассум кард: «Ҷигар – ҷигару дигар – дигар!» Ҷиян низ табассум кард сўйи тағо: «Аз тағо як ишорат, аз ҷиян ба сар давидан!»
Ҳашари умумӣ сар шуд. Росу ва тифлони ширхора ва модарони ширдеҳ кор намекарданд. Аммо ризқҷўйӣ мерафтанд. Ончунон кор ҷўшид, ки мўрон чунин набуданд. Аз саросемагӣ ва тангии роҳ ба якдигар гузар дода натавониста, баракс халалгор мешуданд.
Фолбин аз муҳандис хоҳиш кард, ки даҳони сўрохи муш ба ҷое рост ояд, ки аз он ҷо пурра мўъҷизаро дида ва мушоҳида карда шавад. Муҳандис, ки мўъҷизаро тасаввур карда наметавонист, ҳайратзада қарор гирифт ва фолбинро чизе нагуфт. Канортар рафта зиёд андеша кард: «Бо устурлоб ситораҳои дурро дида хулосае баровардан осонтар аз он, ки бо чашми оддӣ чанд қадам дуртарро бинӣ. Чизе, ки ў мегўяд, дар зери замин аст... геологҳо медонанд, лек аз қавми мо боло геолог набаромадааст. Ягон геологро киро бикунӣ, «Ба шумо – ҳайвонҳо ганҷҳои зеризаминӣ чӣ зарурате дорад?» гуфта, бо ҳазор тақал соҳиби мўъҷиза мешавад.»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор