Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Даъвогар шуд. Ариза ба додситони кулл бурд. Кунҷкобӣ сар шуд... Мурда аз гўр бароварданд. Медэкспертиза муайян сохт, ки доруйи «марги муш» асар кардааст. Пас тахмин дуруст ояд, ки муши заҳрогин дандон задааст. Аммо падар бовар накард. Ду по дар як мўза ҷой карда, талаб дошт: «Далел бояд шаффоф бошад»...
Дере нагузашта дастони Сағирро пушт баста бурданд. Касе дар ин кор ёрӣ карда натавонист ба шў, ҳатто худи Худо. Зеро онҳо дар ҳар маврид Худоро шафеъ меоварданду корҳои нохудойӣ мекарданд. Ин бор натавонистанд. Алии кўчак ятим монд...
Дили Ботурбой –ҳазрат сард гашт аз зиндагӣ. Ба касе бовар накарда; ба чизе эътибор надода; хидмати касеро нигарон нашуда; ниҳонӣ аз чашми муридон таксӣ фармуда, омад ба хона. «Баъди чунин кирдор бовар кунам ба ин гурўҳ? «Моҳии заррин ба дом омад. Азбаски ҷонвар бо забони одамӣ сухан гуфту зорӣ кард:
«Накуш. Ҳар талабе дорӣ, ба ҷо орам...» Накушт моҳиро моҳигир. Лек он қадар талаб пеш гузошт, ки ҷони ҷонвар ба лаб омад; фармудаҳои зани моҳигир сарборӣ буд. Зарринмоҳӣ аз ваъдаву карда пушаймон, сохтаҳо хароб кард... Мушон низ зери замин ганҷ пайдо кардагӣ барин, таҳти биноҳои амонат кобиданд; хаволу беасос гашт шаҳр; муаллақу бебун шуд қасру кохҳои дар як муддати кўтоҳ саросемавор сохта. Худ аз худ фурў мерафтанд биноҳо ва ҳаво мебардошт чангу ғубор ба осмон. Қатли ом фармуд шаҳрдор мушонро. Бори дигар заҳролуд гашт шаҳр.
19
Росу «девор гардад, дарун гардад» гўён ҷиянашро ба ҷойи Раммол нишонд; дар ҳамон курсии гилӣ. Аммо ўро раммол на, фолбин эълон кард. Зеро ҷиян дар бедориаш пешбинӣ намекард, ҳар чӣ хоб медид, онро фол медонист. Хоб дид, ки ғори гуфтаи раҳматии Раммол он қадар тира, бадбўй ва ғашовар нест, балки биҳиштосост: чунон тозаву барҳаво, ки каси воридгашта «набароям» гўяд. Аҷибтар аз ҳама, дар охири ғор офтоб, ба назар, аз чоҳ ба сақф равшанӣ диҳад ва ҳазору як ранг пашиз дар шифт бозӣ кунанду гирд гарданд, ки ҳама ахтарони осмонӣ ранга дар оинаи гунбад чарху давр мегашта бошанд. Ҷиян ин ҳамаро ба Росу гўяд ҳам андеша рўшан нагардад. Ба ҷойи суханони барои гуфтан такрору забонзад карда дигар чиз пеш овард:
«Ҷойи шумо ҳамон ҷо, тағо!»
Аммо тағо напурсид, ки он ҷо чӣ ҷоест? Ба рўйи ҷиян нигарон монд: «сарзада тобад. Ба суханони бемағзи ў эътибор набояд дод».
Аз чунин рангу ҳол гирифтани воқеа ҷиян шигифтомез низ ба рўйи тағо нигарист: «Ман рост мегўям, ҷойи шумо ҳамон ҷост; зеро шумо биҳиштӣ ҳастед!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор