Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Шў, ки аз андешаи ботинии зан огоҳ набуд, аз тарс донист рухдодро.
«Натарс, мушҳо ба мо кордор нашаванд. Онҳо хазина ҷўянд...
Доройӣ».
Саврӣ меларзид; ба гирудорҳои ҷаҳон кор надошт; аламаш гаронтар аз кўҳ буд; сухани ноҷойи шў – сарборӣ.
— Чунин дард надоштӣ-ку, Саврӣ? – саръӣ пиндошт дарди ўро шў ва занро сахт расид ин ҳарф.
«Дард? Кадом дард? Ин ситам аст... Нофармудаи Худо!»
Шў низ нашнавад. Ҳарчанд пушаймон аз кардаҳои фармуда, Савриро огоҳ нагардонад; зеро савганд дода буданд: «Худо донаду ў донаду онҳо!» Ба пиндори ў ҳоло савганд қурб гум карда; то замоне қурб дошт, ки чун гаравгон хидмат кард. Омад. Бозгашт надорад. Аммо анҷоми онро андеша накунад, ки паймоншиканӣ то куҷо расонад... Сари ўро гаранг карда «Дубай...» гуфтанд.
Бизнес. Сонӣ бурданд ба Саудиё. Калима гардонд. Огоҳ аз сирру савдо гашт. Зану фарзанд ба ёдаш нарасид. Гаштак шуд; мисли косаи давр. Ҳазрат ном бурданд. Ҳазрате шуд, ки навбати коса ба ў намерасид... Вале Сағир ҳар гоҳ ки мехост, навбат мегирифт.
Инсони мўътабари доира: Гирдогирди ҳавлӣ бинои чўбкории қабзафурўмони кунгурадор; амали устоҳои зарафшониву водии Фарғона. Писарро Алӣ ном ниҳодааст. Ҳукмаш аз ҳукми ҳама дасторбасарҳо афзун ва Ҳазрат ба дасти ў об рехта натавонад.
Ҳолиё ҳуззор авлотар аз пайғамбар донанд ва фотиҳа диҳанд, ки ҷойгузин гардад. Худи Сағирбой Раиси кумитаи сангҳои рангаи кишвар. Сангҳои ранга фурўхтааст ва агар чунин идома ёбад, сангҳои оддии кишварро низ фурўшад. Зани чунин касро саги ҷинӣ не, мор не, каҷдум не, муш газида куштааст. Алии хурд ҷомаву дастор дорад; падар низ. Ҷомаи падар муҷалло монанди сангҳои рангаи мамлакат; хеле ҷолиб. Чунин ҷома ба ҳазрати бузург Анварӣ низ пўшонидаанд. Ботурбой – ҳазратро на. Зеро худи Анварӣ ба чунин гирўдорҳо ихлос надоштани ўро пай бурдааст; бегона пиндорад. Чунки Ҳазрат каҷ нигарад ба маросими дафн, ки набояд мушҳо газида кушта бошанд. Чизи дигар будагист...
Тахтаву буни сутунҳоро ва токдонҳоро кандаву парма кардаанд, ки кори муш... Тахмону тагсандуқаву сандуқҳоро низ шикофтанд.
Ҳар ҷо чўб буд, сўрохе дошт ё пайи дандони сохтаи муш. Ҳамчунон ки галаи мушон ё дастаи омода ин қадар кори ноҷоро ба ҷо оварда, барои устоҳо кор пайдо карда бошанд. «Кори муш.
Вагарна одами солим ба худ кор зиёд накунад. Чизи ободро хароб нагардонад; зеро косаи шикаста пайванд нашавад. Тахта ҳам чунин. Ҳама чиз мисли духтари хона як бор вайроншавӣ дорад; меху ширеш шикастаро асли қадим накунад... Бештар падарзан ба чунин марг бовар надошт, ки муш ҳамчун мор заҳр зада кушад.
Домод ҳар қадар назди ў омада нолаву фиғон кунад, Шералӣ бовар надошт, ки духтари нозанинаш аз заҳри дандони муш мурда бошад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор