Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ҳолиё фаромўш кардааст, ки шў дорад. Ботурбой ҳам барои ҳамин баргашт, то зан донад, ки шў дорад. Ҳама хидматгузорону муридонро ҷавоб дод, то назди зану фарзандон раванд. Ўро танҳо гузоранд. Ҳазрат нафаси озод гирад. Афсонаи «Зани Сағир хўрдани мушон»-ро сад бор дар мағзи сар таҳлил кунад; сонӣ ба Саврӣ гўяд... Ҳама чизро фаҳмад худи Саврӣ. Аммо нашунавад фарёди бефарёди ўро.
Ҳазрат аз беруни дар шудан шарм дорад; зеро ягон ҳамсоя аз тиреза ё рўйи бом ё роғи дару девор аҳвол бинад, достон шавад ба олам. Чунки ҳоло ҳам касе надонад, ки Ботурбойи назарногири бинӣ пок карда наметавонистагӣ чун расид ба чунин рўз. Зеро дар ду олам бесаводе мондааст, ки ҳоло ҳам ба ҷойи имзои қаламӣ нарангушт пахш кунад.
«Саврӣ!»
«Лаббай!»
Ин бор шуниду посух дод Саврӣ ва як боди тез гулўи шўро панҷа зад. Чизе гуфта натавониста гарданак мезад; кафтараки гулўяш болову поён рафта як чизи дурушти дар гулў андармон гаштаро фурў додан мехост, лек наметавонист.
— Тут... Ту чаро аз ман гурезӣ? – посух ба пурс нагирифта бари домони курта бардошта фармуд: – Барои ҳамин?
Саврӣ садо бароварда натавонист. Сар ҷунбонд: «Не».
— Либосҳои ҷавонии ман ҳастанд?
Саврӣ боз сар ҷунбонд ва шўро дар паноҳи хеш дошта, то аз куҷое чашми бегона наафтад, ба ҳаммом бурд. Худаш либосҳои ўро кашид ва ба тағораи ҳаром андохт. Мехост кўдаквор низ шўяд, вале гардан ёрӣ надод. Чунки шў писарро баҳона оварда, буғзи дил кафонда буд: «Ваъда дода будӣ?» Чун дер нигаристу пойид, то садои дарвоза барояд ё на? Чизе пайхас накард.
Саврӣ шўро ба ҳоли хеш гузошта, ба хона омад. Ҳама чизро ғундошт. Кўрпачаҳоро баровард. Хонаро чангҷорўб кард. Кўрпачаи нав андохт. Сонӣ аз ҷевон ҷомаи зардўзии ба нияти домодии писар дўхтаро гирифта сўйи ҳаммом рафт ва ба китфӣ ў андохт.
— Ният карда будӣ?
— Ният карда будам...
... Хоби Ботурбой набурд. Ҳушу хаёлаш ба дигар ҷойҳову ба дигар чизҳо буд. Майли Саврӣ ҳам надошт. Зан хомўш буд ва бо хаёлу андешаҳо ҳазор шаҳри ношиносро сайру саёҳат дошт.
«Зани Сағирбойро мушҳо куштанд...»
Ва садои ўро хомўшӣ фурў бурд. Зеро Саврӣ таккобӣ накард ва надонист Сағирбой кист. Шў дарёфт, ки занро хуш наомад чунин ҳарф аз ин рў лом нагуфт. Оне гузашту ларзид ва дигар ларзаро ором карда натавонист. Андешаи ниҳониаш ларзаро шиддат дод: «Мушҳо метавонистанд мани танҳоро низ бикушанд».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор