Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Шў шарм дорад, ки бо чунин либоси ношушта бурун ояд. Агар пештар
– замони нашъамандиаш буд, бе ҳеҷ андешаву истиҳола баромада; чунин пўшоки кўдакона ифлосу ғаждро бадар наоварда, тори кран мерафт ва маймунӣ мекард. Ҳоло ибо дорад: овозаву дарвозаҳо ва мартабаи баланди дўстон бахшида пешгир мешавад. Ва боз мартабаи тоза, ки аз дасташ коре наояд ҳам, бояд чизҳоеро вонамуд кунад, ки ҷуз ў касеро насиб нашуда бошад. Алҳол ҷуз хўрдану оруғ додан ва ситоишу ҳурмати гумоштагон чизи дигаре надонад. Баъзан ба сараш занад, ки ин ҳангомаҳо чӣ маънӣ дорад?
Сарфаҳм наравад. Чун осебу зиён надорад ва зиндагӣ ҳазратона; ҳатто гоҳи ташнов рафтан муридону ихлосмандони гўл обдаставу дастмол сари даст ба як по хидматгузоранд, шукри оллоҳ кунад ва оруғ диҳаду мадд кашад, вале сипосгузорӣ накунад; ришак кашад бо панҷаи тар.
«Оби таҳорат, Ҳазрат!»
«Астағфируллоҳ!» Ин ҳарф шунаво барояд. Аммо шунаванда нафаҳмад, ки сипосгузорист ё таҳқир. Зеро Ҳазрат дарундор ва сахт сипоҳ гашта; ҳудаву беҳуда лаб ба сухан накушояд. Муҳаббате, ки ба Саврӣ дошт, ба шубҳа гаштааст. Зеро оламу одамдида шуд ва дилаш аз ҳама чиз монд; зеро найранг зиёдтар будааст аз ҳақиқат.
Ҷаҳон саҳни сиркро монад; тамошобинон ба ҳарфи рост эътибор надиҳанд, таваҷҷўҳ зоҳир накунанд, аммо аз рафтору гуфтори масхарабозон завқ баранд; дудаста шикам дошта ханданд; оне осуда аз ғами дунё гарданд. Найранги зиндагӣ дигар, найранги масхарабоз дигаргуна. Найрангҳои пешинаи Ботурбой кўдакона буд; монанди рустшавакон. Пинҳон мешуду садо бароварда дарак аз ҳастии хеш медод. Шимро бетасма мепўшид ва мудом эзори паст лағзидаро боло мебардошт ва пойи онро дароз пиндошта бар мезад. Одат шуда буд. Ҳоло ки эзори сафеди хиштакдор мепўшад ва тухму узвро озод эҳсос мекунад, шимпўшиаш ёд меояд, ки то ба ҳазратӣ расидан даст хидматгори эзор буд. Вале ҳолиё эзор дар сону рон ва курта ба эзор часпад, ноҳинҷорие орад ба миён.
Ҳазрат надонад чӣ кор карданро; зеро донад, ки аз куртаву эзори барояш фармуда дўзонда дар ин хона надорад, балки дар хонаҳои дигаранд. Агар барои шустан кашад, бояд бараҳна нишинад, то хушк шудани либос; чунки либосҳои кўҳнаи Ботурбойро партофта буданд бо фармуди худи Ҳазрат; рафту зан ғиём карда бошад, кор наояд; Ҳазрат он Ботурбойи кўчак нест; баробари дари хонааш бузург гаштааст. Аммо надонад, ки Саврӣ ба хоҳиши ў гўш кунад ё на?
«Занак!»
Ё паст буд садо ё аслан садо набаровардааст ў. Чунин андеша дар сараш буд, ки зани хеш фарёд занад ва ҳол намояд; бояд ў бе ҳеҷ амру хоҳиш ин корро сомон бикунад. Зеро Саврӣ замоне ки Ботурбой фақиру бечора буд, ба хидмати шў мерасид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор