Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

надошт; зеро андешаи хоби фиребо ўро сахт муаасир карда буд; ў дар ғазаб гашта, дандон тез мекард ба ҳар кас ва бо баҳонаҳои ночиз озораш медод:
«Пир шудайӣ, Раммол, вагарна нури чашмат чун лазер парма мекард, ки сари роҳ монеае ҳаст ё на? Пеш меорӣ, ки дар зулмот нуре ҳаст. Магар мо намебинем ё намедонем, ки анҷоми ҳар зулмот нур аст? Ё баракс... Ту бояд аниқу дақиқ бигўйӣ, ки дар он ғор чӣ ҳаст?»
«Гуфта наметавонам, Олампаноҳ!»
Росу чизе нагуфт. Балки сар андохт; чун гурба бо оби даҳон панҷа нам карда ба рўй молид. Маълум набуд, ки рўй мешўяд ё дасту дил аз Раммол. Зеро гурба вақте чунин рафтор мекард, ки чизе хўрда сер шуда, олудаҳоро аз лабу даҳон мезудоид, то гоҳи хобаш саге олудаҳои лабу рўяшро лесида ва якбора сари дилкашро ба даҳон наорад. Дуру дароз андешид, то чӣ кунад бо ин раммоли тарсуйи ғаммоз, ки бўйи чизро мебарораду худи чиз бедарак. Як-як лаб ҳам мелесид Росу; мазмун, сахт гушна монда буд. Бо оби даҳон қаноат дошт; мекўшид ягон амали ноҷо содир накунад. Якбора баданаш ларзид чун тифли пешобаш таранг шуда, ки нашошад, пуфчакаш кафад. Ва якбора – бе ҳеҷ маслиҳату машварат ё ҳукму қарор чунон ки ғук забон ёзида ба сайдаш часпонад, сари Раммол ба даҳон овард. Дамгардон кард. Раммоли хидматгор на одат, балки сахттарин ҳукму ҷазои Олампаноҳро медонист, аммо гумон надошт, ки кишваркушоии ўро чунин подош насиб кунад. Ҳоло ки нафас мекашид ва аз ҳуш нарафта буд, ба назараш, Росу шўхӣ дорад; дасту пой мезад; ба ҷойи таваллову зорӣ; тан ҳам меҷунбонд; зеро садо бароварда наметавонист. Аммо эҳсос мекард, ки аз чанд тараф – тахмин аз чаҳор самт чаҳор теғи тез ба гардану гулўяш халида, ба танг меорад ва оҳиста-оҳиста нафасаш гашта, тапиши дилаш суст мешавад ва мадораш меравад; пеши чашм сиёҳи сиёҳ гашт, заррачаҳои алмосӣ монанди ситораҳои осмон равшанӣ доранд, валек зўрашон ба рўшан кардани мағзи сар ва дили торикгардандаи ў намерасад. «Ҳама пешомадро медидам, дигаронро огоҳ мекардам, аммо як бор пешомади хешро надидам; фол накушодам, ки чист... Зеро гумоне надоштам, ки ба некӣ бадӣ кунанд. Гарчӣ медонистам, ки подоши некӣ бадист аз бадон; ҳарчанд зиёд дида будам, ки касе мукофоти амал аз рўйи «дод» нагирифтааст. Ҳама мукофотҳо аз он расад, ки сарвар киро насиб гардонад. «Арзанро гунҷишк хўраду калтакро бедона!»
Ғайр аз ин Раммол ҳама нерў ғун оварда ва рагу пай таранг кашида, бикўшид, дар чунин ҳолати нобоб як бор пешомади хешро фол бинад, натавонист. Зеро ҳама ашёи рўшан, ки гоҳ-гоҳ ўро чизе менамуданд, торик буданд ва бар торашон матоъи сиёҳ кашида. Торики тор; рўшание нест, то ўро чизе намояд. Монанди он ки дар мотамсаро болойи ҳама чизро бо чунин парда бипўшанд.

пешина
аз 378
навбатӣ