Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Охирин бор садои «ғажжӣ» баромад ва гўшҳояш қуфл заданд...
Дасту пояш ҳам заминро канда натавониста, оҳист-оҳиста суст гашта ёзиданд ва як бор пўсташ ларзиду ором гашт.
Аммо садои ғаж-ғаж хоидани Росу идома дошт. Ҳамагон медиданд рафтору кирдори Росуро ва паси якдигар пинҳон шудан мехостанд ва чашм мепўшиданд; баъзеҳо як чашм нимкоф карда мепойиданд, ки Росу ҳаловат бурда мехўрад ё ғазаб дорад? Ў ғазаб дошт: пуршаст мехоид ва гурбавор меғуррид, ки ягон зўри дигар луқмаи даҳонаш нарабояд. Ин нағмаи нав; ё ростин, ки Росу гурба шуданист. Зеро ҳар сарбоз орзуи сипаҳсолорӣ дорад; ҳар шоҳ Худо будан хоҳад.

17

Фолбин-табиб хоб дид, ки орову торо карда ба сари Саврӣ рафт ва ба даст афтод. Ботурбой омада будааст. Табибро дастгир карданд ва худи Ҳазрат қазиби ўро буррид... Аз дарди сахт ў фарёд зада бедор шуд. Дилаш сахт метапид. Зери обу арақ монд, ки гоҳи «Чилқоф» хондан чунин тар мешуд ва курта ба тахтапушташ мечаспид. Зеро ў ҳамаро «хобонда» ба занаки ланг ишора мекард, то чой рехта диҳад. Чойи пиёла дармекашид ва арақ зада мебаромад...
Ҳолиё аз тарс ва шиддати тапиши дил ба чунин ҳол омад. Дастмол тугмаи барқчароғи рўйимизиро пахш кард. Рўйболо нигарист ба сақфи ҷамзадаву зардоб гирифта. Ҳар саҳар чашм кушода ба он зеҳн мемонд ва паймон мекард, ки рўзҳои наздик орову торо медиҳад, фурсат намеёфт; зеро коргоҳи ў рўзи истироҳат надошт.
Як рўзи худоро аз даст додан гўё ба муфлисӣ меовард: «Хубаш, зиёдтар кор бояд кард ва хонаи нав гирифт». Вале ҳолӣ дар ин бора андеша надорад. Ботурбойро, ки «Ҳазрат» рутба гирифтааст, ёд меорад: «Магар дами нафаси ман набуд, ки ба чунин рўз расонд?
Пас чаро қасди ҷони ман дорад?... Рост, барои Саврӣ. Зеро ман ҳам ба хотири ў ин қадар ҷонбозӣ кардам, то шўяш ба мартабаҳо расад; шўйи бангиаш. Чунки дилам сахт сўхт ба чунин зан, ки дар замони озодӣ ин қадар озор дорад. Зери таънаи ҳамсояҳо мондааст. Наход ҳамаро хушрўз карда, худ бадрўз гардам? Коре, ки Ҳазрат бо ман кард, душмани ғаддор накунад. Беандеша будааст Ҳазрат. Фоли нек набувад. «Хобнома» чӣ гўяд? «Агар бинад, ки қазибаш бурида шуд, фарзанду мол талаф ёбад...» Якбора ларзид ў ва «Хобнома»-ро кушода гузошт паҳлўи бистар. «На! Набояд!!!»
Хуши хестан надошт, ки ҳама чиз аён нагаштааст. «Коре, ки он бангӣ кард, душмани ашаддии кас накунад. Берўйихотир будааст.
Некие, ки ўро кардам, падар ё фарзанди кас накунад. Метавонистам ин некиро ба худ кунам: се рўз дари «дармонгоҳ»-ро қуфл зада, Лангро мефармудам, ки гўяд: «Ҳазрат ба он дунё реҳлат карданд...

пешина
аз 378
навбатӣ