Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

«Садо меояд, ки ғоре ҳаст; ҳавои хуб дорад. То он ҷо роҳ кушоянд, ҳоҷати чанд дудкаш ба рўйи замин баровардан нест...»
Раммол пурра нагуфт андешаашро. Зеро ў дар он ғор равшаниеро дида буд, ки агар бурун ояд, дунёро равшан гардонад чун Офтоб. Хаёл бошад ҳам, ё як назар андаруни гавҳараки чашмаш тофта бошад ҳам, оламафрўз тофт, аммо нагуфт Росуро. Чунки феълу хўйи ўро медонист: шабурўз нагуфта асиронро то ҳадде кор мефармуд, ки бисёрии онҳо гушнаву ташна дар роҳравҳо мурда, кори бардаҳоро душвор мегардониданд ва амал тўл мекашид.
Аз ин рў танҳо «ҳавои хуб» доштани он маъворо гуфт, ки Росу кайҳо аз ҳавои нафасгири дижи зеризаминӣ безор гашта буд.
Ҳавои мутааффини шаҳр ҳоҷати сухан надорад. Гурези сипаҳсолори Олампаноҳро далел ҳавои ғуборолуди гулўгир буд, ки чун балғами часпак касро бемори садсола мегардонд; ғанбор бояд мудом гулў равшан кунад. Дар он ғори дур чизе ҳаст, ки чанбари заррин тобад; аз куҷое чашми Офтоб ба он мерасад, ки акси шуо карда тангнои пўшидаву сангиро мунаввар созад. Чун нур ба он ресмони оинасифат бархўрад, он ҷон гирифта андаке сар бардорад ва як бор даҳон кушода аррадандонҳои резаву сапедашро намояд ва аз нўки он моеъе пош диҳад, ки сўзанпизишкон қабл аз сўзан ба раги ҷони бемор задан чунин ҳавобарорӣ кунанд.
Воқеан он гоҳ даҳону ҳалқи он ҷонвар бузургтар ва кушодтар аз ғор метобад. Раммол пиндорад, ки дом ё сароби фиреб аст; аз ин рў пеш аз пода чанг нахезонад. Илоҷе ёбад, ки Росу ба суханаш бовар кунад, ки он макон «ҳавои хуб» дорад:
«Он ғор ба саломатии Олампаноҳ созгор бувад; гўё иксири бемаргӣ низ дорад».
«Надошта бошад-чӣ?»
«На, дорад!»
Росу бовар кард. Ҷосуро фармуд, ки маънии чунин гузориш додани Раммолро тафтиш кунад. Ҷосу хешро наздиктар гирифт ба Раммол. Раммол чизе, ки Росуро гуфта буд, каму беш накарда Ҷосуро гуфт. Ҷосу Росуро овард. Росу нагуфт, ки нав нест. Бал ба андеша рафт: «Чӣ бошад дар зулмот чунин нур?» Ва ногумон амр кард: «Ҳама асирон ба кофтани «Сўрохи муш» сафарбар карда шаванд! Дар муддати кўтоҳ кор сомон ёбад!» Мушони аз бекорӣ зери назорати додситони Роҳ гушнаву ташна якбора худро озод дида, аввал ба чоҳи «Марги муш» шошиданд ва шурўъ ба кор карда, хоки аз нақб бурун омадаро бар он рехтанд, то кор зудтар анҷом пазирад. Аммо роҳ он қадар дур будааст, ки мушонро чанголу дандон намонд; аз пеш сангҳои дандоншикан баромад, ки сахт азоб дод ҷонваронро. Таркондан имкон надошт, лек ҷосусон дарёфтанд, ки дар Исфисор маводи тарканда будааст.
«Асрор ҳувайдо нагардад!» амри Росу буд. Лек то гирдгардон кофта рафтан моҳу сол лозим буд. Росу сабру тоқати чунин ҳолро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор