Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Росу тафтиш кард; ба яке бовар накарда чандеро тафтиш кард ва аз байни мушҳои мурда як муши ба рўяш доғи сўхта дошта ҳам баромад.
«Ин кӣ?»
«Ин, Олампаноҳ, муаллими ҳамонҳо: ҳамаро ана ҳамин доғдори дастпарварди шумо аз роҳ бароварда, худаш аз ранги шумо таъйинкарда онҳоро ранг молида, ба ҷанги зидди шумо равона сохт. Ман ҳамчун чашму дидаи шумо ҳушёрӣ карда ин чизро фаҳмидам, вале ба шумо нагуфтам, то табъатон хира нагардад; худам ба ҷанг даромадам, зеро ман ҳар яки онҳоро мешинохтам ва ранги инҳо аз ранги онҳо каме фарқ мекунад; чунки мо ба он ранг боз як ранги дигар ҳамроҳ мекардем, ин ҳароммурда аз он кашфиёт огоҳ набуд».
«Агар рост, зинда бод Ҷосу!»
Ва Росу ба сардўшии Ҷосу як ситора часпонд: «Шумо генерал, Ҷосу!»
«Баъд чӣ хел пеши пойи чунин шоҳ намемирӣ?»
Ҷосу барои он чунин гуфт, ки то он замон аз қавми онҳо буду шуд як генарал буд. Он ҳам дар кадом мамлакати дур хонда омада ва дар як набарди шадид генерали душманро нобуд сохта ба чунин унвон соҳиб шуда буд. Ҷосу шахси дуввум бувад, ки ин рутбаро сазовор гашт. Ҳатто худи Росу ин унвонро надорад.
Сарлашкар ҳасту халос. Аммо баддилон таънааш карданд: «Олампаноҳ! Чун шавад, ки худатон чунин унвонро надошта, аввал ба Ҷосуйи душман додед?» Валек Росу ба ин гуфтор аҳамият надод, чунки пеш ҳам бисёр мегуфтанд ин хел ҳарфҳоро; касоне низ буданд, ки мехостанд Росу зудтар халосӣ ёбад аз Ҷосу, то бахти кадоме хандида, вазири дасти рост шавад. Росу ҳамин ниятро хуб медонист ва низ медонист, ки баъди Ҷосу оташи мубориза миёни талошдорон чунон авҷ гирад, ки зинда ба зинда якдигарро хўранд. Ба ҳар ҳол, ҳайвон-дия, таънаи шарикон чунон таъсираш кард, ки рақами аввали ҳар унвону ордени нав баровардаро худ мегирифт, сонӣ ба наздикон тақсим мекард. Дар як муддати кўтоҳ касони бонуфуз он қадар зиёд шуданд, ки дар минбару саҳнаҳо намегунҷиданд; ба вижа ҳунарварон. Аммо вазъу ҳол чун пешина буд. Ва бадтаринаш дар як зиндон нигоҳ доштани он қадар лашкару дўсту дашман. Худи Росу душманро намешиносад. Лек вақте меоранд, ки Ятим – душман, ў дигар роҳи раҳойӣ надорад; ятим, ки шуд, он тарафаш маълум...
Росу раммоле низ дошт. Ў фол диду фармуд, ки роҳро ба ҷониби кўҳ баранд. Чунки зери кўҳ камхавфу бехатар аст; душман бомба партояд ҳам осебе нарасад. Сабаби гуреза гашта, дар ҷойҳои танг умр ба сар бурдани сангистониҳо ҳамин аст: душман ҳеҷ гоҳ ба сангзор бомба намеандозад.
«Дар зери кўҳ чӣ дидӣ, раммол?»

пешина
аз 378
навбатӣ