Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳукмрон албатта қабилаи Росу буд. Вале дар ин миён дар роҳравҳо мушони лоғари пўсту устухонро дучор омадан мумкин буд, ки бо чунин баднамоӣ ва ҷон ба лаб доштан дар камингоҳҳо мушони фарбеҳаки хурд, бештар кўрмушҳоро дошта хўрда андаке ҷон гирифтанд ва баъд ба шикори мушони тавонотар гузаштанд.
Шумори мушони мушхўр рўз то рўз зиёд мешуд; зеро дастгоҳи мушпарварии рўйи замин хуб кор мекард. Росуйи аз мушхўрӣ пушаймон ва тавба карда ҳам аз нав ба хўрдани мушони пешомада пардохт. Ин усул мушонро аз вабо ҳам бадтар буд; ва мушони парвории хў гирифта ба мушхўрӣ чу гурба бузург гашта буданд.
Мушони тарсу фирор хостанд. Хабар ба Росу расониданд. Росу амр кард, ки чанд сўрохи ҳаводаро рост аз тор кушоянд ва роҳи асосиро қир рехта маҳкам кунанд ва аз самти дигар роҳ кушоянд; чунон пинҳонӣ бошад, ки ҳатто мушони худӣ ҳам пай набаранд.
Зеро ҳоло кўрмушҳо дар итоати эшонанд ва дар хокпартойӣ усто, зуд роҳи нав мекушоянд. Аммо мушони ба мушхўрӣ хўгирифта аз паҳлўи қири рехта сўрох карда ҳуҷумовар шуданд ба қаср ва ҷанге шуд, ки худиву бегонаро фарқ кардан душвор буд. Росу ба дастаи дижсоз амр кард, ки чанд қабат қир резанд ва мушони ба диж даромадаро пайдо карда пеши назари халқ пўст кананд зинда ба зинда. Тобакабоб карда пеши шоҳ оранд. Зеро бо пўсту мўй ва каллаву поча хўрдани муш ба дилаш задааст; инак ҳалолхўр шавад. Магар мушони парвории бадомўхт зиёд даромадаанд ё мушони худӣ ҳам барои аз зулмот раҳо ёфтан ба ҷанги зидди Росу хестаанд, ки душман бо куштан кам нагардад.
Росу бори дигар тавба шикастанӣ шуд; зеро чунин паймоншиканӣ баҳои ҷон буд: Ҷосуро ҳамчун ҷосус дарёфт; аз он ки ҳама хабару хавфу хатарро ў бояд фаҳмидаву дониста ба Росу меовард, баракс гапҳои беҳуда меовардааст, сирри асосиро пинҳон медоштааст. Ба фаҳмиши Росу ва овардаву маккории дигарон, Ҷосу қасдан чунин рафтор мекардааст, ки Росуро мушони ваҳшӣ хомталош кунанд ва Ҷосу ба тахт нишинад. Рост буд ё дурўғ, шоҳ кина гирифт; аз паси ў одам монд, боз худаш ҷосусӣ кард:
гоҳи набард ва дастугиребон шуданҳо наззора кард, ки Ҷосу чӣ хел мушҳоро як бор газида дур меафканад, ки дигар онҳо аз ҷой намеҷунбанд. Ба назари Росу расид, ки Ҷосу танҳо мушони рангаро чунин мекушад. Росу ба хоин будани Ҷосу имон овард ва барои огоҳонидан дар ҷўши ҷанг – «мурдаро монда тутхўрӣ»
Ҷосуро канор кашида гуноҳ бар сараш бор карданӣ шуд.
«Ин мушҳои ранга мушҳои шумо пиндошта не, Олампаноҳ!
Инҳо ҷосусони рангкарда. Бовар накунед, бо чашми саратон бубинед, ки доғи рўй надоранд...»

пешина
аз 378
навбатӣ