Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

гуфтанд. Саврӣ гўё ҳарфи онҳоро нашунида, рост ба крани баланд нигарист: «Рўзҳо ин қадар тағйир меёфтааст-а? Он рўзҳо чӣ хел буданду ин рўзҳо чӣ хел? Девонагиҳои Ботурбой хубтар буд аз чунин обрўву эътибор. Чӣ шуд акнун? Зан шўро намебинад, шў занро; писар падарро, падар писарро; ҳатто ба ёди ў намерасад, ки зану фарзанд дорад... Ба ҷойи хомўш истодан ё зуъм кардан ба Фолбин-табиб сахт гуфтан лозим буд: «Чӣ кор кардӣ?» Лекин Саврӣ аз як ҳарф тарсида чунин напурсид: «Барои ту шуда чунин кардам. Туро дўст медорам, Савринисо!» Ба ростӣ, аз ҳамин чиз тарсид. Зеро ў ҳис мекунад, ки ў ҳамин хел гуфтанӣ. Яқин Саврӣ бояд аввал имкон диҳад ё сарриштаи суханро кушояд. Чун зан ба ў рўйи хуш намедиҳад, Фолбин-табиб ибо мекунад. Ҳамин хел андеша ба сараш меояд, ки дар як коғаз «Маро наҷўй!» навишта ба рўйи дарвоза часпонад ва баромада равад; аз меҳмонҳо халос мехўрад, аз ў халос мехўрад, аз Ботурбой ҳам ва аз ҳама гуна дахмасаву ташвиш ва андешаҳои парешон. Аммо бисёр фикр мекунад, ҷойи рафт намеёбад. То зодгоҳаш Қисмат-ато роҳ дур ва роҳи рафтро намедонад. Замоне ки онҳо омада буданд, сарҳадҳо кушода буд, ҳоло ҳамсояшоҳ ба баҳонаи муш ҳама гузаргоҳҳоро миназор кардааст.
16
Росу лашкарро ба дижи зеризаминӣ кўчонд. Зеро оҳанпойи рўйи бом ба кор даромад; одамони зиёд омаду рафт карданд ва дурўдароз машғули кор гашта садои оҳанпойи гаронвазнро бароварданд, ки замину замонро ларзонд; садояш аз зилзилаи чанд вақт пештар ба вуқўъ пайваста пуршиддаттар буд. Мушҳо тарсидаву ҳаросида гурехтанд, ки ана-ана зери дандонаҳои замингази он монда бо хок яксон мегарданд. Дар ин мулк ҳама чиз хуб буд; ба вижа мушон истироҳат карданӣ шаванд, хатаре таҳдид намекард; чунки бо чунин тангроҳа гурба, саг ва ё ягон ҷондори мушхўр даробаро карда наметавонист. Аз ин ҷиҳат хуб буд; аммо муш он қадар зиёд гашта буд, ки якдигарро нахоида ё зарбу лат накарда гузаштан имкон надошт. Лек боқӣ ҳама хуб:
ҳатто чоҳҳои захира кофта буданд барои хўрокворӣ ва лашу луш. Аз ҳама чоҳи азиму фарох чоҳи «марги муш» буд: мушҳо ҳама дорўҳои марговарро кашонида дар ин чоҳ ҷой дода, тар ҳам карда буданд, аз ин рў бўйи бади дору ва заҳи худашон ҳавои мулкро вайрон карда буд. Докаву биёри аптекаҳоро ҳам кашонда буданд, ки даҳону бинӣ баста мегаштанд. Бисёрии муш на танҳо аз зоиш буд, ё онҳо доруйи марговарро бо дасти худ нобуд сохта, ҳама мушони асирафтода бо онҳо соз гирифта буданд, балки ҳаёти мустақил гузаронида, хунашон якҷоя гашта буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор