Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Худоҷон умрашро дароз гардонад, аммо шифо аз табиб ёбад. Дар лаҳзаҳои охирин ҳам зорӣ ба Худо дорад: «Худоҷон, чанд рўзи дигар...» Зеро ин олами зебо чунон ширин, ки кас серӣ надорад. Ҳаёт ин қадар ширин будаасту! Мамот он қадар талх метофтаасту! Касе мурдан нахоҳад. Аммо рўзи башумор буд шавад, Азройил дар ҳама ҷо ҷони касро қабз кунад.
«Баччаи ман аз шуморо тамошо кардана як чиз шуд! Дарс тайёр карда наметавонад! Муаллимонаш таъна мезананд. Ҳоло шарти аз мактаб пеш карданашро ҳам мондаанд!»
«Ба номи Худо, ба хонаатон равед! Ботурбой оянд, эълон медиҳем, сонӣ биёйетон! Беҳуда умри азизро дар кўча нагузаронед!»
Фолбин-табиб боре вақти чунин муомила омада, ин қадар одамро дида ҳушаш парид ва Савриро насиҳат кард: «Келинд, инҳо шумоя гуфта омадаанд. Пеши ман раванд, намешад? Намедонанд-дия, нишонаро нодуруст додаанд. Хезед, ҳамаатон хезед.
Нишона: кўчаи Сино 21, хонаи 31».
«Мо он ҷо будем, рафиқ...!»
«Ҳа шуморо шинохтам: аптекачӣ-а?»
«Ҳа!»
«Кулол дар мундӣ об хўрдааст. Худатон доруфурўшу касал».
«Шумо борин-дия! Худатон табибу боз назди ҳаким омадаед!»
«Ин кас назаркарда. Чӣ гўям? Чӣ хел гўям... аз осмон... аз биҳишт... мебахшед, мана гунаҳгор накунед... Монед! Монед! Нахоҳед, набиёед! Аммо ин хел гапҳоро нагўед! Аз худи он тарафи ағба меоянд...»
«Мо ҳам аз он тарафи ағба... Агар аз дастатон ояд, худатон ягон бало кунед, ки зинда баргаштанро худо донад... пеши потон мурам! Дорўҳои инзамона мисли коҳ; аз гулу гиёҳ сохтагӣ, гўянд, дурўғ! Гулу гиёҳ ҳам ба эбаш: аз гулу гиёҳ хўрдан намемурд, буз намемурд; чунки тори дарахт баромада ҳам мехўрад. Инҳо ҳама гап!»
«Муомила ана ин хел мешад! На, ки «ин хел буд, он хел шуд!»
«Пеши потон мурам...»
Фолбин-табиб бирафт; ба Саврӣ чизе нагуфта рафт. Аз ҷиготи гирифта ва ба ў чизе нагуфтани Саврӣ рамуз гирифт, ки домангир аст, ки коре карда Ботурбойро аз ў ҷудо гардонд. Ҳолиё чунин мерасад ба назари зан. Чунон ки шавҳари ўро гаравгон гирифта бошанд; аз ин рў бадаста меоранду мебаранд. Фолбин-табиб рафт, аммо меҳмонон нарафтанд. Меҳмонони нохонда расму русуми тоҷикиро фаромўш накарда, умедворанд, ки меҳмон, ки аз дари хонаат даромад, бояд нону об бикунӣ. Онҳо бо ҳамин ният дуру дароз умедворӣ кашиданд ва диданд, ки ин расм дар ин хонадон нест: «Аз қавми дигар» гўён баъзе бирафтанд, бархе аз бозорча нону мева харида оварданд ва «келинд, як чой дам намекунӣ?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор