Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шинохта худро ба нодонӣ зада гузашта будааст: «Ў мана покӣ кушта буд!» аз сар гузаронд. Вале фаромўш карда, ки чунин ҳангомаҳо аз «қариб мурдан» ибтидо гирифтааст.
Овоза шуд, ки Ботурбой ҳавливу ҳарам дорад, аммо зани кўҳнаашро ба он ҷо намеорад, балки мастураеро гирифтааст, ки офтоб набинад рўяш. Саврӣ надидааст ин чизро. Аммо гумон дорад, ки зери коса нимкосае ҳаст; зеро «то бод навазад, барги дарахт наларзад!» Аз ин рў ҳамон сабру таҳаммуле ки дошт, низ ба кор мебурд ва нигарон буд, ки рўзе шавҳараш аз макри хушомадгўйӣ раҳо меёбад ва боз назди ў меояд. Валек дер боз ин ният амалӣ намегардад. Зеро Ботурбой-тақсир ба майли худ ва пойи худ намеравад, балки мебарандаш; аз мошин ба мошин, аз хона ба хона, аз гузар ба гузар, аз ноҳия ба ноҳия... Ва кори эшон ҷуз хўрдану оруғ додан чизе нест. Бо занон рў ба рў ҳам намешавад, сўҳбат ҳам намекунад, лекин касоне ҳастанд, ки «тақсир, саибае майли дидани шуморо дорад!» гўянд. Аммо ў посух надиҳад. Ғурунгад ва каф ба ҳам сояд. Сонӣ тақсирро дар як хонаи танҳо гузоранд ва агар саиба хонадор бошад, эшонро ба манзили ў оранд, то дам андозад.
Аммо Саврӣ пиндорад, ки Ботурбой ҳамон Ботурбойи пешин аст ва ҷуз ў касе надорад. Зеро худи Саврӣ чунин аст: худашу писаракаш дар ҳамин кулба ғалтанду хезанд. Дарвозаро «Тақсир фармуданд» гуфта сохтанд. «Боз фармуданд, ки ин муваққатӣ, ошёни баланд сохта, шуморо он ҷо кўчониданӣ». Саврӣ бовар карда шабу саҳар гўш ба занги дарвоза дорад, ки Ботурбой меояд. Аммо зангҳо зиёд садо диҳанд: «Фаҳмидем, ки тақсир дам меандохтаанд?» Саврӣ ба ягон кас «Ушон дам наандозанд» нагўяд. «Куҷое рафтанд, дер меоянд» гўяд. Ва инак зан аз рафтори кор шарм мекунад, ки ҳавлӣ танг, одамонро нагунҷонад. Ва онҳо беруни дарвоза ҷой банд кунанд; мошинҳо низ. Ҳамсояҳо суханони пасту баланд нагўянд ҳам, миёни лабу дандон ғур-ғур карда гузаранд.
Аз ҷиготи гирифта ва нигоҳи бадбинонаашон маълум, ки хуш надоранд ба чунин рафторҳо. Зеро бисёр шудаанд фиребгарон маккорон. Ҳама донанд, ки касе аз дасти онҳо шифо наёфтааст, аммо посўхта даванд ба лаби об. Гумонашон табиб ба онҳо даст мерасонаду бе ҳеҷ давою дармон сиҳҳат мешаванд – нав аз модар омада барин.
Саврӣ донад ин ҳама корҳои нодаркорро ва дарро қуфл зада баромада равад ва дер ояд, ки дардмандон ҳоло ҳам ба худ печида нигарони табибанд: «Бовар доред? Худам як ҳафта боз надидаам он касро. Омада мебаранд, ҳафтаву моҳҳо бедарак мешаванд.» Вале бовар намекунанд дардмандон; зеро азобашон сахт: духтурон пул гирифтаанду табобат карда натавонистаанд; ба қавли Фолбин-табиб: «Пеш аз марг назди табиб меоянд». Чӣ қадар зиндагӣ ширин!
Ҳеҷ кас мурдан намехоҳад. Мехоҳад, ки дар ин дунёи равшану зебо, ки барои дидани он аз торикистон ба рўшанистон омадаанд, зиндагӣ кунад.

пешина
аз 378
навбатӣ