Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунин тафтиш ҷони мудири анборро харид... ва он шаб, ки беморон суфракушоён карда буданд, мушон меҳмони нохондаи дардмандон гашта, фоли табибро ноҷо карда буданд. Бо амри Росу навъе «қатли ом» шуда буд. Мушон тавонанд одамонро ҳам мехўрданду мебурданд.

Ботурбой болойи хушгўйиву ханда ва мазоқи табиб аз дари дармонгоҳ даромад.
— Келинд канӣ?
Баробари суратҳоро дароз кардани ў пурсид табиб. Ботурбой посух нагуфт. Ў боз пурсид:
— Келинд канӣ?
— Муш хўрд!
— Оббооо, худо дода буду саришта карда натавонистед. Худованд чунон доно, ки ҳар касро як бор имтиҳон мекунад; ба хосташ мувофиқ наомадед, дигарбора худатонро кушед ҳам, ҷонибатон нигоҳ намекунад. Афсўс! Аз шумо авлиё, назаркарда, фиристода сохтан мумкин буд; чунки ҳама бурҳону далел ва дастгирак доштед. Ин чизро Худо ба ман медод, медонистам чӣ кор карданро!
Биҳиштия! Қоида аз биҳишт баргашта, як даҳан ба халқ маълум намекунед? О медонед, чӣ мешуд? Мурд. Ба биҳишт рафта, боз зинда шуда омад. Ман ба ин ният насохта будам, ки шумо, Ботурбойи бефаҳм, ҳамаро ба хоки сиёҳ яксон кунед. Умеди калон доштам, ки маро аз азоби алим озод гардонед. Бинед, ман барои сесад дирҳам як рўзи дароз ҷон меканам; шаби дароз радномаву кўрхат менависам; суратҳои ранга тайёр мекунам... Шумо нонро пеши пой задед. Дигар ба нон намерасед. Ба тахтапушту сари синаи ман нигоҳ бикун! Шўраи куртаамро бубин! Шўрат хушк шавад, нодон! Маро дар ҳолати ногувор гузоштӣ! Худованд дода буд, аниқ дода буд! Нони ба даҳон омадаро фурў дода натавонистӣ!
— Ба келинд маъқул не...
— Келинд баъд мефаҳмад. Ба ман раҳмат мегўяд. «Дар хизмататон ҳастам» мегўяд. Агар нагўяд, ба рўям «туф!» кун! Розӣ кунон келинда! Натавонӣ, ман худам мекунам. Ту чӣ хел мардака? Афсўс, ки зани ман не-дия! Ба рўйи дастам бардошта, пояшро бўсида-бўсида розӣ мекунонидам! Мана бен! Тасаввур мекунем, ки мартабаат баланд шуд. Ҳама мефаҳманд, ки биҳишту дўзахро дида омадӣ. Мардум ба зиёратат меоянд; чизу чора меоранд. Ягонташ мепурсад, ки дар биҳишт будед, дар дўзах будед; падар ё модари маро ҳамон ҷо надидед? Ба дастовезаш нигоҳ карда ҷавоб медиҳӣ:
дидам, аз дари ҷаннат дарун; чӣ хеле ки дар ҳавлиатон мегашт, ҳамон хел – озода, тоза, хандон. Мардони гузаштагӣ ҳавас мекунанд... ҳамин қадар гуфта наметавонӣ?
— Не!

пешина
аз 378
навбатӣ