Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Ношург! Ношургӣ аз худат гузашта будааст. Айб дар келинд не! Дар худат! Дилам ба келинд сўхта, раҳмам омада, ин чизро сохтам.
— Фаҳмидам, ки сохтӣ, ака! Ана ин суратат! Муш нахўрад гуфта овардам! Орди суфраро гарде намонда хўрдааст. Ҳамин қадар фикр кардему майна об, ки ин чӣ таъбир дорад? Ба тагаш нарасидем. Аз афти кор, боз як қаҳтии сахт меояд.
— Меояд, лекин дертар.
— Муш! Муш!
— Муш ҳам ризқашро хўрад...
— Рост. Одамон бе ёрии табиб ҳам муранд. Роҳи аз вабойи муш раҳиданро бояд ҷуст. Шумо наметавонед «куфу суф» карда, «вабо»-ро ба худи мушҳо гардонед?
— Ман Худо нестам, бачча!
— Медонам, ки Худо нестед... Лекин зўр мезанед...
— Ман одами андак-мандак ҳам нестам, бачча! Рўйи ҷаҳонро тай задам; ҷангҳои ашаддиро дидам; шоҳиди рехтани хуни тифлону пирон будам; ҳамаашро ба мизони ақл бар кашидам; ва ҷуз найранг, фиреб, дурўғ... Ҷуз ба чашми якдигар хок задан чизи дигар надидам. Аз ин рў бо ман оҳиста бош. Чӣ, ман намедонам, ки наваду нўҳ фоизи табибони имрўза кўркўрона бемори нимҷонро табобат мекунем, гуфта лаҳзаи маргашро метезонанд. Кадом пизишк мурдаро зинда кардааст? Кадом моргазида тарафи мор рафтааст? Кадом ғанбор худро ба оташ задааст? Ҳеҷ кас мурдан нахоҳад. Лекин ҳама муранд. Як ҳарфи пандмонанди гузаштагонамон ҳаст: «Касе сутуни дунё нашудааст!» Ҳарчанд ки ин дунё бесутун сохта шудааст. Ҳарчанд ки Исонафас ҳам мурдаро зинда кардан як сў, беморро сиҳҳат карда наметавонад. Одами хуб набудайӣ. Вагарна коре, ки бо ту ва барои шумо карданӣ шудам, ба бародарам, ба падарам накардаам... Рав, бо келинд маслиҳат бикун! Омада ба ман бигўй! Худо як бор даст дароз мекунад; як бор раҳмдилона сўйи бечораҳо менигарад. Вагарна Худо тарафдори зўр; агар не, дар мурофиаҳо, ҷангҳо, задухўрдҳо дороён чирадаст намешуданд. Оне, ки «ҳақиқат!» гуфта тиҳипо, бо калтаку доси корӣ ба ҷанг медаромад, зери пой намегашт? Фикр бикун. Яктанимта китоб мехондӣ, ба ин чизҳо сарфаҳм мерафтӣ. Аммо дар дороиву бечорагӣ китоб ҳам суд намекунад; зеро китобҳо касро ба фурўтанӣ, хоксорӣ, сабру тоқат ва қаноат талқин мекунанд:
«Ба як рўят зананд, рўйи дигаратро бидор!»
«Тавону зиндагӣ бикун!» нагўянд; чунон ки қозӣ гуфт. Баъди чунин шиор ҳама гуна усулҳои қатл, дуздӣ ва ғоратро дидем; ҳама гуна хориву зиллатро ҳам; ҳама гуна роҳи духтардуздиву таҷовузро мушоҳида кардем; сарбозони силоҳбадаст аз ҳеҷ чиз рў нагардониданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор