Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вагарна ў низ омода буд бо Росу чанг ба чанг шавад, ақаллан як бор ба чашмаш нохун занад. Дар торикӣ, ки танҳо сурату сиёҳии якдигарро дидан имкон дошт, Росу сари ўро сила мекардагӣ барин дошту каллаашро миёни дандонҳо пахш кард ва садои ғаж-ғажи усули маъмулиаш омад. Мушони дигар дум хода карданд, то ба хони шоҳона пашша нагарданд; зеро Росу бад медид, агар касе гоҳи хўрдан ба луқмаи даҳони ў нигоҳ кунад. Худ шоҳу табъаш вазир буд. Чун хўрду лабонашро лесид ва нафаси гирифтаро сар дод, ҷуфт-ҷуфт гавҳари шабчароғ аз ҳар кунҷу роғ пайдо гашта, гирдашро иҳота карданд ва дуру дароз хомўш истоданд; зеро Шоҳ ҳанўз аз ғазаб нафуромада буд.
«Дидед-а?! Ана ҳамин хел!»
Ҳар бор ин таҳдид такрор меёфт. Одат карда буданд раият ва ҷондорон. Вале ин дафъа ранги дигар гирифт гуфтор:
«Ҳамин қадар заҳмату кўшишу тактикаи моро як пул кард ин номард! Ман ўро чун шумо дониста, бовар кардам, сирру асрорамро гуфтам; ў нохалаф баромад. Сазои касе, ки нонро хўрда, ба хон туф кунад! Ман ҳоло зиндаам! Фаромўш накардаам, ки бараҳнаву тиҳипо, пойҳо пур аз обила то ин ҷо расида будем; чу дуздон дар ин гандахона аз зарурат зиндагӣ дорем; ҳоло ба мақсад нарасида, чош ё хаммаи гандум пайдо накарда, хазинаро надида, аз миён ҷосусон рўйидаанд. Ояндаамон чӣ мешуда бошад?»
Ғарора карданаш омад; сахт «туф!» кард. Аммо дар торикӣ надид, ки туфаш ба куҷо расид; ба девор, ба сақфи паст ё ба мушҳо, ки чашмони чун шабчароғ милтиросиашон лаҳзае гум шуданд ва баъд чун чароғҳои тираи даврони Тарс як-як фурўзон гаштанд, ки ҳамин таҳхонаи ҳавояш вайронро ҳам мунаввар карда наметавонистанд. Барои он туф кард, ки хоинро чанд рўз гурусна надошта, тоза накарда, ҳарисона яку якбора гурбавор аз сараш хоида хўрд. Бо буду шудаш хўрд; бо дандон, пойҳои ифлос, рўдаву рўбчаки ҳаром, пўсту мўву мўйлабаш; бо ранги хурмоии паст, бо чашмони кушодаву ҳаросон ва садои нимшунавои даҳанбастааш фурў бурд. Ҳамчунон ки мор бузғола ё харгўшро оҳист-оҳиста даркашад. Андеша накард, ки заҳрогин аст; душман андарунаш мина гузоштааст ва ё ягон нобакории дигар будагист?
Одатан ў хоинонро намехўрд. Қатл мефармуд ва ё «ба гурбаи душман баред!» мегуфт. Ё ба қассоб мефармуд, ки гўсфандвор пўст канад; шикамашро чок карда бинад, ки ягон балойи бад надошта бошад. Дар шушу ҷигараш обилаҳои хавфноку маргбор нарўйида бошад? Сонӣ баъди мурчу қаланфури зиёд зада пухтан ва пас аз чашоии таббоху табиб даст дароз карда як лахт гўшт мегирифт ва баъди зеҳн монда нигаристан, агар аз дилаш ягон андеша гузарад, «не, ман ин ҳаромро намехўрам!» гўён канор меандохт. Ҳолиё аз қаҳру ғазаби беандоза чунон хоида мехўрд, ки садои фаш-фаш алаф хўрдани барзаговро мемонд.

пешина
аз 378
навбатӣ