Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин бор аз мушони ранга аз ҳама фарбеҳтарашро дошт, ки шоҳ ҳамин аст.
Вале бори нахуст, ки дар ҳаво сар доду дошт, Росу ба лаҳҷаи Мушгир сухан кард. «Ман аз худиҳо. Қатаған нестам». Мушгир ҳайрон шуд. Ба панҷаи кашолаш нигарист, ки чашмони муш сўяш милт-милт мекунад. Мушгир фармуд: «Дар марзу буми мо ба ин ранг муше нест».
«Рост, нест. Ман ранг кардам. Ҷуз худи шоҳ дигар ҳама Росуҳо рангкардаанд. Бовар накунӣ, бо оби чашм шўям, рангам равад».
Мушгир парвозашро суст кард, ки то ба лона расидан ҳама асрори Росуро аз забони ҷосус фаҳмад. Ва саволи бисёр дар сараш гирд мегаштанд. Мушгир намедонист аз чӣ сар кунад. «Чӣ хел дар байни онҳо афтодӣ? Кӣ фиристод туро?...» вале садои муш андешаҳои ўро пароканд:
«Як бори дигар ҳам ба чанги шумо афтода будам...»
«Ба чанги ман?»
«Намедонам. Ўро ҳам Мушгир меномиданд. Чанг зада маро бардошт ва то баландиҳо бурда, бозӣ доронд: раҳо мекарду медошт, раҳо мекарду медошт... Яке уқоб буд? Каргас буд? Ё калхот буд, ки гоҳи раҳо карданам ҳуҷумовар шуд. Мушгир ин ҳолро дида маро ба ҳолам гузошта, бо ў дарафтод; чанг ба чанг шуданд.
Аз осмон пар мерехт. Ман умедамро кандам аз зиндагӣ. Чунки замину осмон тагорў мегашт ва давр мезад. Чашм пўшидам; ҳар чӣ бодо, бод! Ба об задам. Сангча барин фурў рафтаму ба қаър нарасида рўйи об баромадам. Муши зиёде лаби об офтоб мехўрданд. Мушҳои ранга чун худро ба об мезаданд, рангашон мерафт.
Тан хушк карда ба дўкони сартарош медаромаданд, аз нав ранг мекарданд. Ман ҳам чунон кардам. Машшота ё орогар дар рўям доғ надида пурсид; «Аз чӣ рў пайи доғ надорӣ?» Гуфтам: «Мушгир бурд маро. Дар осмон раҳо кард. Тарсидам ва ба об задам. Шояд аз тарс рўйида бошад мўй бар доғ?» Ў бовар кард. Аз нав ранг кард. Ва ба дасти ту афтодам... Инак тани ману инсофи ту!»
Мушгир мушро бурд ба лонаи чўҷаҳояш. Чўҷаҳои бадомўхт дарафтиданд ба муш. Аммо Мушгир бол кушода пеши роҳи онҳоро гирифт. «Сабр! Қиссаи ў шунавед!» Шуниданд қиссаашро. Раҳмашон омад. Машварат карданд. Чўҷаҳо гуфтанд: «Рой турост!»
Мушгир раҳо кард мушро.

Росу Росуро хўрд; ҳамин Росўи рангаш паридаи ҷосуси
чилдурўғро, ки аз пайи бадкорӣ афтода, хиёнат ба мири мушон
карда, сирру савдояшонро ҳувайдо сохт. «Аз рўзи аввал дониста
будам, ки ту ёри мо нестӣ. Чунки нишони Росуйӣ надоштӣ. Аз
тарс мўйи кас намебарояд. Балки будааш мерезад» гуфт ў ва бо усули ихтироъкардааш сахт аз сари хоин дошт.

пешина
аз 378
навбатӣ