Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Чӣ мехўрд, чӣ кор мекард, чиҳо мегуфт, касе намедонист. Сонӣ кадоме аз ҳамкорони бемористон (шояд ҳамон коргари шаббош бошад) хабаргирӣ омада ҳолу аҳволи ўро дида хабар расондааст, ки як мошини «Жигули»
оварда, бор карда, бурданд. Зеро дар он замон ягон мошини ёрии таъҷилӣ намонда ба яғмо бурда буданд ва мондаашро Вазорат худро соҳиби молу амвол дониста фурўхта ё аз они худ карда буд, ки баъдтар бо ҳама нишонаҳои Вазорати тандурустӣ он мошинҳо «такси» шуданд. Мошинҳои хокиранги ҷонсахти санитарӣ ё дар ноҳияҳои кўҳпора хидматгор; ҳатто сигналу сиренаашон дигар нагаштаро ҳам, дар хидмати шаҳриён оварда буданд. Зеро баъди ин қадар мурдану куштану кўч бастан аҳолии шаҳр зиёд шуда буд; аз нокории автобусу троллейбусҳо рафтуомади мардум душвор буд; дер мондан дар роҳҳо хавфи зиёд дошт; ҳама ин корҳо аз рўйи талаботи шаҳриён сомон меёфт... Вагарна Гулоби ҳоло ним аср умр надидаро бо он мошинҳои муҷаҳҳаз пештар ба дармонгоҳу бемористон бурда, аз нав одам кардан имкон дошт.
Ў шабе дар танҳойӣ хоб дид, ки муш газидаш. «Пишак хўрад туро!» гуфта аз ҷой хест ва ба балойи пирӣ мубтало шуд. Зеро як хона муш буд, ки шояд ба хўрданаш омада буданд. Тарсида чанде аз онҳоро зери пой маҷақу пачақ карда, дарро зада кушода, берун парид ва рўйи дасти «дев»-е афтида, ба чунин ҳол мубтало шуд...
Дар бемористон мурд. Ҳамчун одами бесоҳиб чанд муддат дар Морг нигаҳ доштанд. Боргоҳи марг рўзҳои нав омадаи Росу барин сермурда набуд; балки мисли Гулоб касони бекасу кўйро чанд муддат нигоҳ медоштанд, ки шояд ягон хеши дур пайдо гардад.
Аммо Гулобро пайванде пайдо нашуд. Ҳамон занаки шабзиндадор даву ғеҷ карда, аз масҷид савобталабонро оварда, бурда дар як лаби гўристони Ғарибон ба хок супориданд.
9
Бори ҳаштум аст, ки Мушгир Росуро аз байни тўдаи ҷондорону нигаҳбонони шоҳ бардошта дар ҳаво бозӣ медоронад ва ҳуш аз сараш рабуда, дар лонаи чўҷаҳояш мегузорад. Аввалҳо кушта, қисм-қисм карда ба чўҷаҳо мехўронд, ҳолиё зинда мегузорад, то куштану канда-канда хўрданро ёд гиранд. Шояд маззаву лаззати шикор дар ҳамин чиз таҷассум ёбад. Зеро то ба даст овардани сайд чӣ қадар нигарон шудан лозим меояд. Баъзан рўзи дароз дар ҳаво гашта чашм ба замин дўзад, то хазандае пайдо гардаду ў шикор кунад ва сурхрў назди баччаҳояш баргардад. Мушгирҳое низ буданд, ки хешро сангосо ба сайд зада нобуд шудаанд:
ё ба сангу оҳан бархўрда якмарг гаштаанд ва ба сари синаашон пихе ё оҳане фурў рафта ҷо ба ҷо бол кушода мондаанд, ки баъзан дар осорхонаҳо шакли хушккардаи онро бинанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор