Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Касе бовар накард ва чиниро шарт гузоштанд, ки худаш кофта, айбро маълум кунад. Чинӣ замони ғуломона кор кардан гузашт, гуфта, бо Вазорати барқ шартнома карданӣ шуд. Онҳо шароитро пеш оварда, «кўмаки башардўстона» гуфтанд. «Ин хел бошад, гуфтан аз ман. Марди кор аз шумо!» Тарафайн розӣ шуданд.
Аммо марди кор пайдо нашуд: ҳама бозудорон ғарибкорӣ рафта буданд. Онҳое монда буданд, ки даст ба оби хунук намезаданд.
Баъд таҷрибаи Замони Гузаштаро ёд оварда, донишҷўёнро кор фармуданӣ шуданд. Донишҷўёни ин замона фарзандони онҳое буданд, ки мисли падаронашон мошинсавор мегаштанд ва метинро аз зоғнўл фарқ карда наметавонистанд. Хулоса, Вазорат эълони даҳанакӣ кард, зеро воситаҳои ахбор аз набудани барқ ба дасту гўши мардум намерасид. Даҳан ба даҳан овоза шуд, ки Вазорати барқ мардикор талаб дорад. Вазорати иҷтимоъ ва шуғли аҳолӣ ҳама касони корталабро даъват карданд. Касе розӣ нашуд. Зеро пули ночиз пешниҳод шуда буд. Маслиҳат доданд, ки дами дари бозорҳо ва дар баъзе гардишгоҳҳои роҳҳои маҳаллаҳои сернуфус мардикорон дар гардан галстук баста «кор мекобем!» навиштаанд. Вазорат чандин мошинро сафарбар кард, то бекорхўҷаҳоро ҷамъ оварад, лек барор нагирифт корашон. Пули бисёр сарф шуд ба бензини дар рўзҳои бечароғӣ нархаш то осмон расида, вале марди кор пайдо нашуд. Онҳо марди корони бо доллар сару кор дошта будаанд. Дар хонаҳое кор мекардаанд, ки кораш сабук бошад, се вақт хўрок диҳад, ҷойи хоб дошта бошад ва ҳама шароити барои инсони давраи Гузариш мувофиқ бошад. Чунки қисми зиёди чунин корталабон омўзгорони мактабҳои оливу миёна ва пизишкони бемористонҳо буданд, ки бо маъоши ночиз рўзгорашонро сомон карда наметавонистанд. Ва низ онҳое буданд, ки роҳпулии ба шаҳру мамлакатҳои дигар ғарибкорӣ рафтан надоштанд. Онҳо ҳеҷ гуна асбобу ускуна низ надоштанд.
Зеро эшон устоҳои касбӣ набуда ё аз бобову бобокалонашон арраву теша ё потеша намондааст; устоҳои ҳавасакӣ: ягон кори мувофиқ пайдо шавад, чашми соҳибкорро хок зада, пушти бом андова мекунанд ё сангдевор; замин мегардонанд, аммо усули киштро намедонанд ва ҳатто хишова фармойӣ, алафро монда, зироат кананд. Беҳудакоранд.
Чинӣ ҳамкоронашро ҷамъ карда овард ва замин канданро аз рўйи нақшаи коммуналӣ аз назди зеристгоҳ оғоз карданд...
Воқеан кабелҳои зерзаминӣ ҳар ҷо – ҳар ҷо ғўла шуда буданд ва баъзан симҳои луч ба ҳам мерасиданд. Яқин инашро мушҳо баъди мурдани барқ ба сомон расонидаанд...
Дар ин миён Гулоб мурд. Дар як муддати кўтоҳ мўяш сап-сафед
гашта, пири фартути садсола барин ларзон, замингир, девонаавзоъ
шуда мурд. Дар рў ба рўйи тирезаи Хидир буни девор офтобхўрӣ баромада, тани як таҳ куртаи азо, ларзида-ларзида аз дарахту девор дошта менишасту мехест ва девори дарозро дошта-дошта аз хона мебаромаду ба хона медаромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор