Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо бисёр мехост, ки якбора бибалъад! Бибалъад ҳарисона, то ҷони ў ҳам аз азоб раҳо ёбаду ҷони худаш ҳам. Бо ҳамон шиддати қаҳру ғазаб ва ҳарисӣ, ки мушро хоида хўрд, якбора туф кард. Садои таҳдидомез дошт «туф!»
гуфтани ў. Инро ҳама шунида пеш омаданд, ки Шоҳ муши заҳрогин хўрдааст. «Даҳонаш талхи оғу гашт, ки «туф-туф!» дорад!» Ё хаёлан ба рўйи хоин туф кард, ки «Нокас, кўрнамак, малъун!»
баромадӣ! Об оварданд дар баклашкаи нимлитра, ки ғализӣ, талхӣ ва бенамакии муш монда дар кому забонаш. Туфаш ғализи часпак буд ҳамчун раги қўян, ки қассоб аз миёни рони чоккарда бурида пушти даст, нигоҳ накарда, ба шибдори хона мезанад, то ҷо ба ҷо часпида, хушкида ғубораш барояд, то ба одамон асару сироят накунад. Табарқассобҳои инзамона на танҳо раги қўяну ғадудро қатори гўшт мефурўшанд, каллаву почаи молро табарчин карда, шилҳа гардонида, зери гўшти тарозу гузошта хушрўякак клёнкапеч карда, «хуш омадед!» мегўянд харидорро.
«Акнун ман хоб меравам!»

Буми шабгард торикии музофотро истифода карда ба шикор баромад. Мушон ўро ҳамон мушгир пиндошта рўзона пинҳон мешуданду шабҳангом дар саҳну гулгаштҳои нав ба тартиб омада, сабзу хуррам гашта, шабохун мезаданд. Дуртар аз Морг ва наздиктар ба наҳр паҳлўи иморати «Харчанг», ки нав қафасаҳои ошёнаи якуму дуввум бардошта шуда буд, крани борбардор танобу рўдаҳояш паҳну парешон ё кандаву шикаста, ҳатто релси зери пояш шикаста, бекору валу вайрон дар музеи кушоди зери осмон сукут меварзид. Дар баландӣ ҳуҷраи зард метофт, ки аз боди сахт даричаи кушодааш ҷунбида, ғиҷ-ғиҷ садо медод ва буми лонагузошта, тухму чўҷадорро безобита мекард. Рўзона кабўтарон досакҳои аз роҳи дур парвоз карда омадаро мемонданд, чу шаддаи марҷон қатор мешуданд; чун ҳаво сард гардад, зоғони аз мамлакатҳои сард бозгашткарда низ ҳамел мешуданд дар симтанобҳои он кран. Бадтар аз ин бумро як бадмасти бангӣ ташвиш медод. Ҳамроҳи як нафари дигар бар пояи даҳ сангбетони ситоннагӣ нишаста, сигарет мекашид ва миёни намози асру шом хешро ба девонагӣ мезад: ҳамроҳаш роҳи хонаро пеш мегирифт, вале ў девонавор ё беҳушу беёд ба кран часпида мебаромад.
Ҳарчанд зорӣ кунанд, ки «фуро!» болотар мерафт бо помонакҳои арматурӣ ва дод мезад: «Наздик нашавед, ки худамро ба замин меандозам!» Тарсида касе ба ў наздик намешуд. Аммо писарчаи нав мактабрав шудааш омада «Дада, моро сағир карданӣ ҳастӣ?»
пурсад, садояш ҳам баландтар мебаромаду пояш ҳам.
«Йўқ шавед!»
Сонӣ занаш меомад. Дуру дароз чизе нагуфта меистод дар поён ва чунон ки рўбоҳ панири даҳони зоғро нигарон бошад, чашм аз гардишгоҳи зинапоя намеканд.

пешина
аз 378
навбатӣ