Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Гунаҳгорон»-ро бепурсу посух ба ҷазо гирифтор мекарданд. Чунон шуд, ки сардорони хоҷагиҳои кам-кам дасташон ба дуздӣ одаткарда дасти пеш ёзидаашонро пас мегирифтанд, ки девор муш дорад. Ва баъд ба сурати тори сарашон овехта баргашта менигаристанд ва даст пеши бар оҳиста мегуфтанд: «Дидед, мо чӣ қадар ба шумо вафодор!?»
Он замон дуздӣ барҳам хўрд. Муфтхўриро фош карданд. Вале миёни як амали ношоистаи аз Қадимулайём омадаро шикаста нашуд: порахўриро. Ин амали нохуб чунон авҷ гирифт, ки говҳо порагӣ шуданд. Дар пешашон корсони пора нагузорӣ, ба соғу шир намерехт. Лекин, сабил монад нафс, андоза гум шуд; моли давлатиро аз моли хусусӣ нағзтар диданд. Нафаҳмиданд, ки ресмони Ҳукумат дароз. Сонӣ латифаи баччаи дар синфхона бодшикаста барин шуд: бодшикастаро муаллим ба ҳавои тоза пеш кард ва худаш ҳамроҳи дигар шогирдон дар ҳавои вайрони синф нишаст: Чунон буд: ҳама росткорҳоро бо номаҳои беимзо ба бало мубтало карданд. Корчаллонҳои об гилолуд карда, моҳидошта сари кор омаданд. Империяи Бузургро пош доданд.
Чархи таърих аз гардиш монд. Вақт ҳам чун ақрабаки соати аз кор баромада бозистод».
Ба қавли Росу давраи Гузариш замони бесоҳибӣ буд. Кадом наворбардори пешбин қиссаи мушони меххўрро ба навор гирифтааст, ки дертар мурдаашро аз гармоба пайдо карданд.
Телевизори ранга мушҳоро аз будаш зиёдтар ва бузургтар нишон медод: мушони дупойи гўшу думашон урфӣ қатор шуда мех мекашонанд. Мехҳои андак ҳам не. Андозааш 150 мм, аз мушон дарозтар. Валек телевизор мушҳоро чунон бузург нишон медиҳад, ки мех як тори мижгон барин метобад. Мушони дупо қатор шуда андаруни торикӣ фурў мераванд. Оина ҳам торик мегардад. Сонӣ заррае рўшнойӣ дар оина пайдо шуда, оҳистаоҳиста парешон гашта, ҳама ҷоро равшан мекунад. Таҳхона ҳам равшан мегардад. Садои карнаю сурнай ва дафу доира меояд.
Қасри таърихӣ пайдо мегардад. Толори бузурги бесутун. Қандилҳои заррину булўрӣ фурўзонанд. Дунёи ободонро монад.
Оҳиста-оҳиста саҳна наздиктар омада пеши чашми мушон қарор мегирад. Толори мурофиъа. Додвар нишаста. Галстукаш ба галстуки мушҳое монанд, ки мех кашонда буданд. Гунаҳгор мудири анбор ва муфаттишу сафедкунанда нишастаанд.
Додвар: – Парвандаи ҷиноятии мудири анбори хоҷагии «Оҳангар» Хуро «дар бораи се тоннаву чорсад кг мехи андозааш 150 мм-ро хўрдани муш ва панҷу ним тонна гандумро хўрдани саъва».
Дар толор хомўшӣ ба миён меояд ва баногўшиву миш-миш зиёд мешавад.

пешина
аз 378
навбатӣ