Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Додвар кўба бар лаълӣ мезанад.
Додвар: – Муҳтарам мудири анбор! Бигўед, ки мушҳо чӣ хел хўрданд мехро?
Мудир: – Суди ширин! Худатон ҳамаашро медонед-ку!?
Додвар: – Донистани ман кам! Ҷаҳон бояд бидонад ин қиссаро!
Бояд бидонад халқи Олам, ки дар чунин замон, дар чунин шароити танг, ки мардуми бечора як мех намеёбанд, ки тахтаи шалақи дарашонро кўбанд; ё тамоми анборҳо, сари роҳҳо, тангкўчаҳоро бо шабчароғ кобед, як мехи худойӣ намеёбед, ин мушҳои ноинсоф, бедину диёнат, ғоратгар ин қадар мехро мехўранд. Пеш дар сари ҳар қадам ба пойи мошинҳо мех мехалид ва устоҳо бекор намемонданд. Ҳоло орзу кунанд, ки як мехро дар сари роҳ бинанд, пайдо намешавад. Яъне шаҳри мо ободу зебо ва озода мегардад. Акнун ҳама чизро дар бозори кўҳнафурўшӣ мебинед; ҳатто пешарра ва поруи мурғро. Ин чизро мо баринҳо пай набаранд, дар гўшаи хотири касе намерасад, ки пеш кӣ будему ҳозир кӣ ҳастем.
Мудири анбор Хуро, ки то ин вақт рост меистод, хурсанд буд аз суханро тоб додани додвар. «Бало... Медонад чӣ гуфтанро...
Аз таги кор бохабар...»
«Қанд зан, ака!»
Ин садо аз сўйи ҳаводорони чунин мурофиа буд, ки ҳуқуқи дар ин маҷлис овоз баровардан надоштанд. Довар ин нуктаро аз ҳама хубтар медонад. Кўба ба лаълӣ зада хандид. Додвар аз он ки ҳама гардан каҷ карда ба соҳиби овоз менигаристанд, донист ва шинохт ўро: «Шумо толорро тарк кунед, мўҳтарам ҳофиз!» Ў илоҷи дигар надошт. Аммо дар берун ўро даст пушт тоб дода бурданд: «Мехҳоро ҳамин кас хўрдааст, на муш!»
«Худо бизанад! Ман не! Худи мудир бо муфаттишу додвар забон як кардагӣ. Ман барои ҳамон овоз баровардам, ки акаи судя дўстро ҳимоя карда метавонад».
«Ту дурўғгўй, разил! Мехҳои охиринро пайдо кардем, ки аз паҳлўи чапи муш даромада, аз паҳлўи росташ баромада, боз чанд муши дигарро халида нобуд карда метавонад! Гапро фаҳмидӣ?!»
«Фаҳмидам, не, ака!»
«Яъне мушҳо хўрдаанд мехро...»
«Охир ман чӣ гуфтам?»
«Қанд зан» гуфтӣ. Ин ҷо сухан аз қанд намеравад. Мех! Мех!
Мехи 150 мм, ки одам ҳам хўрад, шикамашро шикоф карда мерояд».
Кўба ба лаълӣ зад додвар, ки садояш бурун омад ва овози додвар: «Шумо шароитро ба назар гиред! Давраи Гузариш буд!»
Дар толор.
Додхоҳ: «Ман – шарманда! Дар умрам бори аввал мешунавам, ки муш мех хўрад! Боз мехи 150 мм! Суди ширин, шумо медонед, ки мо бо чӣ машаққатҳо пахта мерўёнем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор