Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ин замон ҳамин хел, ки дастгоҳу арра аз як тараф дастони хоболудону ҳатўлҳоро буррад; аз тарафи дигар табибони ҳозиқ ба саҳл омос, варами хасмор, омоси заҳри хор, корро осон карданӣ шуда, шартӣ амри буридан медиҳанд ва бечораи берўзӣ якдаста мегардад. Лекин касе он касро дузд намешуморад. Зеро дар замони мо дастбурӣ манъ шудааст. Чунки вай усули замони феодалӣ буд, ки барои хасдуздӣ дасти дуздро бурида, бечораи берўзиро ин қадар озор медоданд. Ҳоло дуздро – аввалаш намедоранд; агар доранд, тақсим мекунанд; ё ҷарима меандозанд, ё чанд сол аз озодӣ маҳрум месозанд. Ў нисфи чизи дуздидаашро дода халос мехўрад.
Охирон авфи умумӣ мешавад, дузд ҳам дар қатори одамкуш озод шуда мебарояд. Медонед, он дузд дар он ҷо чӣ мактаберо хонда тамом кард? Тухмдузд буд, шутурдузд шуд. Ҳар гоҳ сўйи бонк нигоҳ карда мегузарад. Чунки дасту пояш сиҳҳат, дандонҳояш ҷо ба ҷо. Дар пешонии ў навишта нашудааст, ки дузд. Чунон мегардад, ки вазири умури дохилӣ он хел намегардад: сарбаланд, бо карру фарр; нотарс; бе ҳеҷ телеху камондор; пиёда. Лекин маълум нест, ки дар бағалаш таппонча дорад ё...?
Акнун ба сари мақсад меоем! Баъзан ба боғи мо санг меандозанд, ки мушон дузданд. Ин гап мутлақо нодуруст! Мо чизи касеро намедуздем. Агар мо дузд мебудем, бозёфти умумии дар миёнаи хона ё дар хазина рехтаамон якто намемонд. Дуздҳо ба ҳар сў мекашонданд. Мо насибаи худро мегирем. Чунки худи Худованд ба мо ҳамин хел ризқ додааст. Азбаски мо ҳаққи мардум хўрда, ё ришва гирифта ва ё дуздиву тозӣ карда хонаҳои осмонсо намесозем, ё надорем, ки чизҳои зиёдатиро гунҷонем.
Барои он ки худи Худованд ба мо дар зери замин ҷой додааст.
Насибаамонро дар ҳама ҷо пошидааст. Аз ин рў ҳар қадар ба мо таъна зананд ё дуъои бад кунанд, ба худашон бармегардад. Зеро худи Худованд ҳамаашро мефаҳмад, мешунавад, мебинад. «Ҷамъ овар дар миёна, бихўр баробар!» Бародариву баробариро танҳо дар миллати мо пайдо кардан мумкин аст. Касе хиёнат кунад, кайфар барад; касе беодобӣ кунад, адабашро бинад. Мо Ҷосу барин кадрҳо дорем, ки дар кадом хонаи аҳли шаҳр чизи дуздӣ ҳаст, медонанд. Мо аз лаби ҳамон мегирем насибаамонро. Чунки насибаи мо аз азал ба он ҳамроҳ шудагӣ.
Ҳамватанони азиз! Ман бисёр майна об мекунам, ки чаро дар мо дуздиву муфтхўрӣ нест? Ба хулосаи аниқ омада наметавонам.
Шояд аз он бошад, ки худи ман ҳамчун сардор на дуздӣ мекунам ва на муфтхўрӣ! (Чаппакзании дуру дароз...) Як замонҳо дар ин мулк сиёсати давлатдорӣ чунон буд, ки шикоят ё арзе ба ҷое намебурданд. Зеро метарсиданд. Ҳукумат чунин сахтгириро дониста рухсат дод, ки агар рўйирост камбудиҳоро гуфта натавонанд, номаҳои беимзо нависанд. Худо дод ба баҳонаталабон: аз пайдоиши Оламу Одам то имрўз дар дил буғзе, кинае, қасде ба касе дошта бошанд, росту дурўғ баддидаро чун пушти дег сиёҳ нишон медоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор