Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зеро он сиёҳпўшони сиёҳайнак ё сиёҳниқоб чунон роҳҳои дуздиву ғорат ва кушторро медонанд, ки ҳеҷ махлуқи рўйи замин бо мағз об кардан дарнаёбад.
Аммо ягон ҳукм ба ҳукми Росу рост наояд. Шояд маънии ин филмҳо «ту накун!» бошад. Валек одамони шири хомхўрда тақлид мекунанд. «Тарзан» мешавем гуфта нисфи наврасони ҷануб нобуд шудаанд. Лекин аз телевизор барномаи «Олами вуҳуш» бештар хуш омадааст мушонро; зеро ҳайвонҳо – ҳатто ваҳшиву даррандагон кирдору рафторҳое, нангу оре доштаанд, ки аз кирдору рафтори инсон ва нангу ори одамӣ хубтару баландтар будааст.
Як чиз, ки зўр ҳама вақт камзўрро мехўрад. Моҳӣ, харгўш, ғизол хўроки зўронанд. Ҳатто хирс моҳӣ мехўрад. Шоҳи ҳайвонот – шер харгўш сайд мекунад. Ва монанди инҳо... Лекин рўшан нест, ки ин амалро одам аз ҳайвон омўхта бошад ё ҳайвон аз одам? Фарқаш ҳамин, ки одам одамро истисмор мекунад ва ҳам ҳайвонҳоро дар ҳама шакл; ҳайвонро бо сад баҳонаву бебаҳона кушта мехўрад.
Аммо Росу баддидаҳояшро ё хавфнокҳоро огоҳ накарда, ҳукм накарда, якбора аз сараш пахш карда, «ғаж-ғаж» хоида мехўрад бо дандонҳои тезаш.
Росу дар ин лашкаркашӣ чандон ҷангҳои хунин накардааст.
Як бор дар сарҳад задухўрди хунин кард. Куштаро кушт, хўрдаро хўрд, бурдаро бурд, дигар ҳамаро асир гирифт. Ва ҳар куҷое қадам ниҳод беҷанг, халқон ўро бо нону намак пешвоз гирифтанд ва пайғамбари хеш хонданд. Росуро ҳоҷати ҳама асиронро дар панҷараву қафасҳо нигоҳ доштан нест. Онҳо озод мегарданд дар таҳхонаҳо. Росу гуфта буд: «Тавону дар намон!» Онҳо ин чизро озодӣ дониста ва биму ҳарос накарда, ба ғорату дуздӣ даст зада, анбори Росуро пур карданд. Аммо хатари бузург, ки таҳхонаҳоро аз нав созанд, ин ҳама чизҳои даркору нодаркорро кашонда тавонанд ё на?

8

«Ҳамватанони азиз! Ман имрўз шуморо барои он ҷамъ кардам, ки рў ба рў, чашм ба чашм баъзе нозукиҳои зиндагиро гўям!
Пеш ба гўши як муш оҳиста мегуфтед, ки кампири Армон ба шў баромадааст, бас буд; ҳамон лаҳза Дунё хабардор мешуд. Ҳозир пайғом кунед, нома нависед ҳам, одамон бовар намекунанд ё умуман ба варақа нигоҳ намекунанд, чунки телевизор бисёр чизҳои шавқовар намоиш медиҳад, ҳама бо он банд ҳастанд ва гапу калоча эътиборе надорад. Масалан, дар замонҳои Қадим агар дар кўча як дастбуридаро медиданд, рўй мепўшиданд, ки дузд аст.
Чун махов аз ў ҳазар мекарданд. Зеро дар он солҳо дастгоҳҳои коргарӣ ва ё алафрезакунии барқӣ набуд, ки аз бепарвойӣ ва надонистани усули кор дасти коргарро теғ шартӣ бурида партояд.

пешина
аз 378
навбатӣ