Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Ин мушҳо ҳамин хел ҷонваронанд, ки агар худи сурбро сўрох карда натавонанд, паҳлўяшро сўрох карда мегузаранд. Онҳо ба оилаи тездандонҳо дохил мешаванд».
... ҳамин хел, Олампаноҳ!»
Мушҳо чунин корро сомон карданд. Чанде аз кадом маркази савдо як телевизори рангаи «Тошиба» дуздида оварданд. Мушони дигар як лаълии фулузии бузургро оварда шабошаб дар душохаи дарахт устувор карданд. Барқро ҳам аз кабели назди дарвоза заминкан дуздиданд. Барқдон ҳам пайдо шуд. Ҳамаро ҷо ба ҷо карда пултро пахш карданд. «Олами ҳайвон»-ро нишон дод.
Мушҳои ҳаррангаро дар қафасҳо дошта парвариш мекарданд.
Ҷонварҳо ба танг омада симро мехоиданд, то раҳо ёбанд. Аммо дандонашон намегузашт. Баъди он ки гапро зиёд карда хилъатпўшон мушро аз қафас гирифта, сўзандору зада рўйи мизи ҷарроҳӣ гузоштанд, ҳама тамошобинон чашм пўшиданд: «Чӣ бераҳм аст одамӣ!?» Сонӣ ўро чок карда, ҳама ҷоро хунин гардонида...
«Дигар ҷоро мон!»
Ҳукми подшоҳ воҷиб. Дигар ҷоро монданд. Як девкори оҳантани тасмачарх рост ба болойи онҳо омад. Ҳама тарсида гурехтанд. Вай булдозер-паҳлавон буд, ки хонаву пона ва партобҳои вайронаро пешрўбу пешбел ба болойи онҳо меовард. Ҳама ба сўрохҳои кофтаашон гурехтанд.
Ва аз берун – тори зерхона як балойи сахтовози гаронгашт оламро ба ларза дароварда убур мекард. Омад-омаду тори сари Росу ва Ҷосу, Олус, Бахил ва Бахтак қарор гирифт. Ҳамон оҳанпое, ки нав дар оинаи нилгун дида буданд, тори сарашон омад. Сонӣ ғур-ғури одамӣ баромад, ки зери садои оҳанпой чизе шунида намешуд. Бо ишораи Росу Ҷосуи вафодор буни тахтабетони бомпўш рафт ва аз роғе ба яке аз шаш новаи он даромад ва гўш дод: яке ба дигаре мефаҳмонд. «Ҳотел бунёд мешавад дар ин ҷо.
Ҳотели «Парвин»...» Бисёр диққат дода, канда-канда шунид Ҷосу ва бо шаст омада Росуро арз кард:
«Сўрохиҳои роҳи зеризаминиро васеъ кунед! Дар қаър қасрҳо созед! Ҳама асиронро: кўрмушу каломуш ва мушҳои маҳалливу музофотиро кор фармуда, ба зудӣ ин нақшаро иҷро кунед! Вагарна зимистони ин ҷо замҳариру қаҳратун мешавад... Ҳамаамон дар бистари гарми мардум ҷо гирифта наметавонем!»
Вале оҳанпо зуд аз кор монд: маълум шуд, ки оҳанпо аз замони манғитиҳо монда, ронандагон ин сарзаминро тарк гуфта будаанд ва ба ном ронандае то ҳамин ҷо, як бало карда, овардааст; баробари зўри аввал пешбелаш шикастааст. Зеро шогирд говзўрӣ карда аз таги замин чаппа карданӣ будааст. Инак омад кард кори мушон. То сохтани қасрҳои зеризаминӣ дар ҳамин зерхонаи бўйин зиндагӣ мекунанд; зеро бўйи худашон – тани бўйин ба соҳибаш чандон маълум намешавад. Бемалол телевизор тамошо мекунанд; ғорату дуздиро хубтар ёд мегиранд.

пешина
аз 378
навбатӣ