Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Инро ҳама донанд, ки шумои азиз бодандон ба дунё омадед, бепадар калон шудед. Чашм накушода ба хўрдан сар кардед.
Шири оча хўрдед ё не, намедонам...
— Ба назарам, не.
— Ман ҳам чунин гумон доштам... Қоидаи мухбирон чунин, ки бо як савол қаноат накарда, пурсанд: «Дуздӣ кардаед ё не?»
— «Не!» гўям, хиёнаткарда шавам. Зеро мо аз кўдакиамон дузд будем. Ягон бор корида, сабзонда, пазонда, дарав карда нахўрдаем; ҳама умр ҳақи мардум хўрдаем. Ана акнун ба сари мақсад омадем.
Шумо худатон пай бурдед, ки барои чӣ ман қасам нахўрдам?
— Ту дар куҷо хондагӣ?
— Ҳамроҳи худатон дар мадрасаи пушти кўҳи Қоф!
— Барои ҳамин доно. Медонам, ки ту аз вафодор ҳам вафодортарӣ. Боз қонунӣ-ҳуҷҷатӣ шавад, гуфтам. Вагарна миёни ману ту ҳеҷ гуна шарту шурт лозим не!
— Боз пурсанд: «Куштор кардааст?» Ман албатта сахт карда «Нееее!!!» мегўям. Шарафи шуморо ҳимоя мекунам. Намегўям, ки дирўзакак Роҷуро хомохом... О, не! Мегўям, ки Роҷу мекард ин хел корҳоро. Олампаноҳ аз хавфу хатари ҷони худ ўро нест карданд!
— Ана ҳамин хел. Сахт хиёнаткор буд он хаппаки таги таппак.
Хайрият, ки худкушӣ кард. «Аз тори пули оҳаниву бетонии баланд худро ба оби сард партофта, нобуд сохт» гуфтӣ-а:
— Ҳамин хел, Олампаноҳ.
— Ҳааа... Ҳушёр шав! Девор муш дораду муш гўш!
— Биёед, мо савганд ёд накунему дурўғ ҳам нагўем. «Дурўғгўй
– душмани Худо!» Ин вазнинтар аз савганд бувад. Шумо савганд ёд кардед, кофист. Зеро вай савганди оддӣ набуд: чашмонатонро пўшида, ба кадом қабати Осмон баромада, бо мўътабартарин офаридаҳо рў ба рў шуда, ниёиш кардед. Сонӣ ҳамаи кирдору рафтору пиндори Оламро якҷоя карда, ғурунгидед: «Қасам...», баъд хориатон омада гиря гулўгиратон кард ва дигар ягон даҳан гуфта натавонистед. Мухлисон ва ҳамқавмҳоятон фарёд заданд:
«Савганд аз ин пеш намешавад!» Омма такрор кард: «Савганд аз ин пеш намешавад!»
— Ту бояд ин суханонро пеш аз вазири дасти рост эълон шудани Олус мегуфтӣ.
— Дер ояду шер ояд! Ман медонам, ки ба шумо ҳар чиз гуфтан раво: зеро он ҳамаро худатон бофта баровардаед. Касе шуморо маҷбур накардааст, ки савганд ёд кунед. Чунин қасамхўрӣ ҳаҷи гунаҳгоронро монад: «Гуноҳҳоро рехта биёем!» гўянд онҳо боифтихор. Онҳо хуб донанд, ки гуноҳ кардаанд; чӣ гуна гуноҳ?
Худашон хуб донанд. Гуноҳони кабираву сағираро дар Хонаи Худо рехта оянд ва аз нав гуноҳ кунанд. Аз ин рў, Олампаноҳ, аз ман наранҷанд. Қасам нахўрда ба шумо хизмат кунам; чунонки то имрўз хизмат кардам; хиёнат накунам!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор