Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Рўям сўхта бошад ҳам, дарунам пухта… Нахостӣ! Ҳеҷ ваҷҳу асос овардан суд надорад. Равшан, ки нахостӣ. Гуфтам-ку!
Ҳамаашро фаҳмидам. Болойи китоби «Муқаддас» баромада қасам хурӣ ҳам, бовар намекунам!
— Бубахшед… қасам хўрдан душворие надорад. Оқибаташ хубӣ наорад. Донам, ки ҳеҷ каси савганд ёд карда шарту қоидаҳои онро риоя накунад. Ин дарди бахайр. Валек одамон нагузоранд, ки кас бо аҷали худ мурад ва ё бо хости хеш зиндагӣ кунад. Масалан ман барои худам не, барои шумо зиндагӣ мекунам.
— Чӣ? Дар шиками ман мехўрӣ?
— Гап дар хўрдан не, Олампаноҳ! Ман шуморо муҳофизат мекунам: пеш аз он ки ягон хўроки болаззатро хўред, ман чашойӣ мекунам, мабод, ки заҳри ҳалоҳил андохта бошанд.
— Инашро намедонистам. Лек пай бурдам, ки ин вақтҳо аз хўрокҳои болаззат сер намешавам.
— Ба шумо пати ҳарисӣ задааст ё шикаматонро бо шиками Олус баробар карданӣ?
— Эне-йе! Вай аз ҳеҷ бало намегардад; ҳама чизро мехўрад.
Шикамаш замингир аст... лекин ҷонашро дареғ намедорад аз ман.
Мехўраду кор ҳам мекунад. Агар медонистам, ки ту ҳам ҷонфидойӣ, пайи Роҷу худатро менишондам.
— Ташаккур! Ман аз шумо дур будан нахоҳам. Баъд ман мисли ў хаму рост шуда, тамаллуқ карда натавонам. Бо чунон вазну гаронӣ сари як нохун фир гардад.
— Ту муғамбир, Ҷосу. Ҳама вақт аз суол гурез кунӣ. Чанд бор шуд?
— Чанд борашро надонам, лекин донам, ки мо аз савганд дида масъалаҳои муҳимтарро муҳокима мекунем... Ҳама донанд, ки ман ҳамнишини шумо ҳастам. Хоҳ-нохоҳ ягон бафаровездаҳон ё ягон мухбири хориҷӣ рўзе суол хоҳад кард: «Ту бо Шоҳросу ба воят расидӣ. Доим як ҷо мегардед; беодобиҳои ҷавонии ўро донӣ, лек нагўйӣ. Аслан гуноҳи ҷавонӣ ба дафтари аъмоли кас навишта нашавад; шайтон бардор диҳад ва кас кори кардаи худро надонад; фардо рўзӣ қиёмат ҳам гуноҳҳои аз ҷавонӣ болоро пурсанд».
— Ман ёд надорам дар ҷавонӣ гуноҳ карданамро! Ҳамин қадараш дар ёдам ҳаст, ки луб-лучи модарзод мегаштам ва ягон бор шикамам серӣ надидааст. Чунки мо шоҳзода ба дунё наомадаем.
Худат донӣ, ки модарамонро шиносем, аммо падар доштанамонро надонем. Зеро ягон мард боре сари маро сила накардааст. Фақат газиданашон ё аз пушти гардан газида ҳавола карданашон ё ҷойи хоб танг карданашон дар ёдам ҳаст; хўроки даҳанамро низ кашида гирифтанашон дар ёдам ҳаст. Валек марде, ки маро ҳимо шуда бошад, як чормағзи пайдошударо тақсим карда бошад, надидам.
Худи Худо дод ҳамаашро. Танҳо аз Худо миннатдорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор