Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ягон ҷойи нобоб гапатонро нагўям. Чунон рафтор кунам, ки ношиносед ва умуман вуҷуд надоред. Барои он чунин рафтор кунам, ки онон чизе напурсанд, то ман дурўғ нагўям. Ҳар дурўғи ман хиёнат аст шуморо!
— Каллаи маро гаранг кардиву савганд ёд накардӣ, муғамбир!

Дигарон ғамӣ гарданд ё ошуфтаву парешон шаванд, май хўранд, папирос кашанд, ҳанг зананд, чилим дуд кунанд ё низомиёна ин сўон сў гом зананд. Аммо Росу хоб равад. Хоб рафта, дам гирифта, ҳама хаёлҳои пучу хомро аз сар дур карда, як навъ сабук гардад ва дигар дар бораи корҳои гузашта фикр накунад. Валек ғами оянда чунон тазйиқ диҳад, ки арақаш барояд. Ва ягона дилхушие дорад, ки ҳама гуна хаёлҳоро аз сар дур андозад: «Хуб, ки ошхонаву пазандаву таббоху қассоб лозим нест, ҳама чизро хомохом хўрем... вагарна чӣ қадар моҳонахўру муфтхўр пайдо мешуд.» Ин бор хоби ғашовар дид: заводи Қир сахт касиф ва ҳатто сип-сиёҳ қирандуда гаштааст; худи завод нест албатта, ҳамон вайронаҳо.
Ҳатто боми ҷойи зисти онҳоро низ қиррез кардаанд ва роҳи баромад намондааст; дамашон мегардад. Ин чизро ба Ҷосу гуфта буд Росу, ў бовар накард. На танҳо ҷойи зисти онҳо, балки музофот, маҳаллаҳо, шаҳр ва Олам касиф гаштааст; ҳамааш аз пайи пойи ифлоси мушон; панҷаашон дар ҳама ҷо нақш бастааст; ҳатто бар дару деворҳо, чизу чораи мардум. Гарчи Росу фармон додааст, ки дар як пай ду бор пой намонанд, онҳо сад раҳ раванд. Маҷақу пачақ гашта, худашон нақши пояшонро нашиносанд. Озода, тоза гарданд ҳам – як гап; онҳо бар ҳама гуна ифлосиҳо пой монда, баъд ба роҳи асосӣ, гўшаву канор гарданд ва ҷойи ифлосу дастхат нагузоштаашон намонад. Даруни мошинҳо ва рўдаҳои онро-ку хоида вайрон мекунанд, боз дар тори мошинҳо ва оинаву шишаи онҳо мўҳр мегузоранд. Ана ҳамин чизро хоб дида ғамӣ гашт Росу аз бетамизиву ба маданият наздик ҳам нашудани лашкараш.
Сонӣ Сарраммолро як назар дид, ки гиламанд тобад: «Беҳуда кардед, Олампаноҳ! Пеши назари ҳама намоишкорона маро ғаж-ғаж хоида хўрданатон хуб набуд. Шумо мактаби интиқомгириатонро ба Олам намоиш додед. Ақаллан пинҳонӣ мекардед ин корро.
Акнун тавонгарони Олам аз чунин усули қатл истифода бурда, додгару додситонро ихтисор мекунанд, ҳама чиз ба худашон танҳойӣ мемонад. Маҳбасу тиру туфангро ҳам мебардоранд. Муфаттишон ҳам аз кор озод мешаванд. Росту дурўғ парвандаи ҷинойӣ тартиб намедиҳанд, ришвахўрӣ ҳам барҳам мехўрад, ки кулли башар зўр зада ин корро барҳам зада наметавонад. Танҳо як чиз мемонад, ки пеши назари ҳама каси нофорро ғаж-ғаж хоида фурў баранд; боз аз сараш сар карда. Дар Олам дигар кашфиётҳо бойгонӣ шуданд. Коррупсия мондааст. Чунки ин кори худи ҳамонҳоест, ки «Нест бод!»

пешина
аз 378
навбатӣ