Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Мушони омўхтаву фармуда бошанд, дар мамлакат ягон чиз намемонад. Мо-ку чизи зиёдатӣ надорем, лекин ман «барои гўру кафан» чанд пул дар куҷое монда будам. Пулҳои пешина буд, ҳамааш сўхт; муш ҳам намебарад…
«Мяв!»
…Нест! Нест! Мефаҳмӣ?! (Гардану гулўро дудаста дошта) Ана ҳамин ҷо – ба омадагӣ! Мегўм, ки дар ҳамин ошхона худамро дор кашам; Маҷидӣ барин аз ҳама ташвиши олам халос мешавам.
Астағфируллоҳ, мегўм, ки ҳаром мемурам. Беҷаноза меравам. Ва ҳама ғамам ғами ту, ки сағир мемонӣ. Ман нозҳои туро медонам, ҷуз худат касе нест, ки ба ҳолам гиряд…
«Мяв!»
…Хайрият ҳастӣ, ки овоз мебарорӣ. Ман чӣ будани Оламу Одамро медонам, Мошон. Нахонда бошам ҳам, медонам: аз ранҷу азоби беморон, гиряву нола, саргузаштҳои талхашон, ки охирин рўзҳояшонро дониста, бо ҳавои лабу даҳон нақл мекунанд; аз муомилаи ҳамшираҳои тиббӣ, аз рафтори пизишку сарпизишк; аз омадану наомадан; аз хабар гирифтану нагирифтани мардум
– хешону бегонагон; аз дастовез оварданҳо; аз дилдориву луқмаву баъзан рамзу кинояҳояшон… ва ҳама чизе, ки дидааму шунидаам ё аз сар гузаронидаам, медонам, ки дунё чисту дунёдор кист?!...»
Ин панд, саргузашт ё моҷаро дар паси тирезаи шавҳараш Хидир мегузарад. Ҳамаи шўру ғавғо ва дунёбезориҳоро Хидир шунавад ҳам, парво надорад, зеро соҳиби зани ҷавон аст ва Шабнамро «пир шудӣ» гуфта, сар дод, вале аз ҳавлӣ берун накард.
Замона, ки чунин ранг гирифт; модарон баҳонаи бешўйӣ буд ё нодорӣ, ки духтаронро ба андак чиз ба пирону ҷаллобони доро ё миёнаҳол фурўхтанд ва ё бахшиданд, то аз гуруснагӣ намиранд.
Чунин аҳвол дар солҳои қаҳтии баъди Ҷанги Бузург рух дода буд. Боз ҳамон нағма ба сари мардуми Сангистон омад. Хидир, ки ҳунари кафшергарӣ дошт ва бо оҳан сохтани дарвозаву панҷараҳои тирезаву гирди ҳавлӣ расм шуда буд, ба назар ду занро таъмин карда метавонист, аз ҷониби дигар ҳам дарвоза кушода, ду хонаи сангӣ сохт ва арўсакро он ҷо шинонда, ба зани калонӣ ва баччаҳояш нигоҳ намекардагӣ шуд. Лек намехост, ки ягон мардина ба он ҷо ояд. Агар дар хона бошад, дуздии зани хурдӣ пардаро якбара зада аз тиреза нигоҳ мекард, ки зани рўймолбасар кай мераваду кай меояд. Чӣ хел мераваду чӣ хел меояд. Ин чиз аз он сабаб буд, ки дилаш ҳама вақт ғаш дошт, то барои қонеъ кунонидани нафс занаш бо ягон мард гуфтугў накунад. Ҳамин хел гумон мекунаду намегўяд ва барои қонеъ кунонидани ў наздаш ҳам намеравад. Баччаҳояш аз модар на, аз падар ранҷида, ғарибкорӣ рафтанд ба мулкони дигар. Занак монду Мошону Тоҷдор.
Гулоб ном дорад ў. Дар бемористони умумиҷумҳур кор мекунад. Аз ҳама пеш мераваду дер бармегардад. Зеро зарфи ошхона ҳама вақт лозим мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор