Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва баъди хўрок хўрдани беморон зарфҳо шустан дорад. Шустаро писараки ҳамсоя омада мебарад. Не! Мебурд. Он вақтҳое ки Машков сарқутҳоро ба хуконаш мекашонд. Об бурд он солҳоро. Гулоб ҳам пир шудааст. Ў баъзе шабҳо ҳамон ҷо
– дар бемористон хоб меравад, ҳамроҳи навбатдори аз ҳама нағздида ва роздонаш. Шавҳараш Хидир баъзан аз тиреза мебинад, ки ҳамроҳи занаш як духтарак ё зани ҷавон меояд, аммо намедонад, ки кист ва барои чӣ меояд. Баъд дар сараш ҳазору як тахмин гардонида, каллааш каду барин варам карда, дарунаш пур аз бод мешавад. Пинҳонӣ аз зани ҷавон сар ба девор зада, алам аз хеш меситонад; сари синаи чапро дошта, мемолад; доруйи дармони дил ё фишори сахт мехўрад. Валек чизе ёрманд намегардад. Гулоб гирифтори андешаҳои худ: мераваду меояд…
Ва ягона чизе, ки баъзан дилашро тасаллӣ медиҳад, Кохи Ҳунар аст. Баъзан аз ин кох садои мусиқӣ ё сурўд ба гўш мерасад ва ў ба хулоса меояд: «Зиндагӣ идома дорад!» Сонӣ гоҳи дамгирӣ, агар хушаш ояд ва ба дилаш гунҷад, тугмаи телевизорро пахш карда чашмаки сурхи онро кўр мекунад. Оинааш равшану бино гашта «Беғараз панд» нишон медиҳад: «Ҳар ҷо, ки ғам зиёд аст, рақсу сурўд ҳам зиёд шавад…» ва ў хомўш мекунад оинаи ҷаҳоннамои аз замони Андропов мондаро, боз ба андеша фурў меравад:
«Кулли явмин – батар!»

Ин бемористони умумӣ буд. Аз тамоми гўшаву канори мамлакат меоварданд беморони ниммурдаро. Ба дигар ноҳияву шаҳрҳо мебурданд; дарбадари тамоми фолбинҳову қасидахонҳо мегардониданд; зинда меоварданду мурда мебурданд. Лекин то куштану бурдан он қадар ташвиш мешуд, ки аз азоби гўр Бадахшонӣ дар рўзномаҳо менавишт: «Кўҳистонӣ! Дар зимистон намур!» Маънии ин шиор андак нест: ба болойи мулкамонро соҳиб шудан ҳамсояи аз рўяш моргазида тамоми роҳҳоро бастааст; мина гузоштааст.
Паррандаро намемонад, ки гузарад. «Чандин намуди вабо якбора ба Чоч медарояд» гуфта баҳона мекунад. Вагарна мо роҳи ҳавойӣ ҳам доштем, роҳи заминӣ ҳам. Он зоғи даҳонсиёҳ боз кадом табаддулоти азимро нигарон бошад?
Бемор бемор нест, бемордор бемор. Бемористони умумӣ аз Аҷинабозор ҳам серодамтар. Чу мўрчагон равуо мекунанд. Дар сари роҳҳо шаллу кўру талабандаҳои зиёд мешинанд; пойҳои сип-сиёҳи дар умраш обнадидаро дароз карда ё ҳар навъ қату рост карда; каҷпаҳлў зада, гўё аз сармо ё дард ларзонда, хешро ба бечорагӣ мезананд. Лек даст аз зери остини гўё як тан курта мисли каҷкўли гадо меистад. Тик-тик танга мехўрад. Ғайри пул дигар чиз қабул намекунад. Як лоғараки ажриқичашми дар сар кулоҳи кўҳнаи варзишгарон пўшида ҷоеро пайдо кардааст, ки то миён дар он хаволӣ даромада мешинад ва як мушт метобад.

пешина
аз 378
навбатӣ