Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Хоб мебинӣ, Мошон!
Шикор бикун!»
«Мяв!»
… Ҳамаашон заҳрхўрда не! Солимони гўркобашон ҳам ҳаст.
Ман нав аз ҳамон мурдахона омадам. Аз барои савоб, чун мўру малах. Мурдахонаҳо чароғ ҳам надоранд, рўйи мурдаро намебинӣ.
Нав дидам мурда хўрдани мушро. Рафта ҳамон мушонро дорӣ, чӣ мешавад?
«Мяв!»
…мехўранд? Хомталош мекунанд? Ана ҳамина номаш нафс!
Ту ман барин: ҳаққи худата саришта карда ё пайдо карда хўрда наметавонӣ, миёни пойи мани бевазан мегардӣ. Надошта бошамчӣ? Аз ҳамон беморон сарқуте намонад-чӣ? Як чиз надиҳам, ҷогаҳи хунуки маро гарм намекунӣ-а? Охир… Охир медонӣ, чӣ қадар сахт аст? Чӣ қадар азоб аст. Агар мардуми мо мисли дигар халқҳои олам нодўст бошанд, аз гушнагӣ кайҳо мемурдем. Одати хуби халқи мо ҳамин ки худ аз гушнагӣ мурда истода бошад ҳам, аз даҳонаш зада, ба як зарфак ё латтаҳак печонида барои бемор меорад; хўрад нахўрад; ҳатто пизишкон хўрданро манъ карда бошанд ҳам, дастовез меорад; барои дили бемор меорад, ки шояд умеди зиндагӣ пайдо кунад… Ман ба ту суханони нағз гуфтам, Мошон. Ҳеҷ куҷо сарсон шуда нагард. Ба Мурдахона рав. Пушти дар истода аз думаш кашӣ ҳам, кашола шуда меояд. Натарс, ҳоло заҳрхўрдаҳо ба он ҷо наомадаанд. Чунки онҳо оби наҳрро гузашта наметавонанд. Хайр, ин тараф гузашта аз партовгоҳҳои бемористони худамон хўрда бошанд ҳам, аҷаб не. Лекин ман медонам, ки дорузанакҳои давлатӣ фақат об пошиданд. Марги мушро дар сумкаи таг монданд, зеро талабгори дорои муштарс зиёд. Оламу одам чунин сохта шудааст, Мошон, кирои хафа шудан надорад.
Баъзан ман аз ғами зиёд, овоз бароварда натавониста ашк резам ҳам, эътибор надеҳ.
«Мяв!»
…Сари забонамро нагир. Суханамро гум кардам. Ту медонӣ, ки ман тамоми умр забонам зери дандонҳоям, ягон чиз намегуфтам.
Ба ту баъзан «ма!», «пишт!» мегўяму халос. Аммо дигар наметавонам. То гулў омадагӣ. Намедонам, ки он ҷон аст ё ҳаққи беморро хўрда будам, ҳамон? Ман зарфшў, медонӣ-а? Сарқути беморонро пештарҳо мепартофтем. Машков рў ба рўйи беморхона ҳавлӣ дошт, баъдтар кўчонданд. Хук бонӣ мекард. Сатил-сатил сарқут мебурд. Худам, савоб гуфта, нону нонреза дорад, зери пой монад, убол, гуфта ҷамъ карда медодам. Чунки ман зарфҳоро мешустам.
Мардум сер буданд. Нонро ба партовгоҳҳо мепартофтанд. Хук хўрад, хуб нест? Ҳамин хел шуд, ки ба нонрезааш зор шудем. Ба чашмамон мебинем. Ман намедонам, ки мушҳо гўшти мурдаҳоро мехўранд ё аз кисаву нифаи эзори онҳо ягон чизи дигар меҷўянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор