Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва завқ мебаранд, ки мардум дар базманд ва хазинаҳо бесоҳиб... Бод инчунин бўйи ғализи хуни гандида, бўйи хуни сўхтаи димоғгир, бўйи гўшти пухтаи одамӣ, бўйи ғинҷ, бўйи партобҳои пўсида ва бўйи дорўҳои гулўгирро меорад...
Бўе, ки мушони нохондаи ба умеди дона омада мешунаванд, шояд бўйи Мурдахона бошад? Аз лаби наҳр то ҳамин ҷо мушон роҳи зеризаминӣ канданӣ буданд, нашуд. Замини заранг баромад. Дар ин роҳ мушон зери чархи мошинҳо талафоти зиёд дода бошанд ҳам, чун аз об бароянд, рўйи роҳи қирпўш пайи панҷаи тар гузошта, тозанд сўйи Саройи марг. Шабҳангом ягон-ягон сўйи ситораҳои фалак нигариста, аз рўйи коҳҳои рехтаи Роҳи Каҳкашон самти ҳаракаташонро муайян мекунанд ва метозанд, ки ризқи дар хонадонҳо пинҳонро дигаре набарад. Лек чаро ин қадар ба Хонаи маргу мурда метозанд, танҳо худашон донанд.
Шояд дар он ҷо касе халалашон нарасонад, гурбае, мушгире набошад; ҳама мурда, даму нафас ҳам надоранд. Бемалол даромада аз фарқи сар то нохуни пойи мурдаҳоро бўй кашида, лесанд ҳам, ягон кас «гурез ё нарас!» намегўяд. Мурдаҳо либос дошта бошанд, бағал, сари сина, даруни пойи эзор, даҳону бинӣ, чашму гўши мурдаро, савоб дониста, зиёрат мекунанд. Агар дар ҷайби мурда, саҳв шуда, аз дасти қотилон ё ҳамраҳон ё нозирон ягон чиз монда бошад, мушон то сўрох карда нагиранд, ба ҷое намераванд.
Баъзан одамизод чизҳояшро дар ҷойҳое пинҳон медорад, ки дузд ҳам намеёбад. Аммо мушҳо бўй кашида-бўй кашида ҳамон чизро пайдо мекунанд. Гаронбаҳо бошад, ба Росу мебаранд, арзонакак бошад, ба сарфавҷ ё Ҷосу намуда, маслиҳат мегиранд, то чӣ кор кунанд. Баҷо мекардагиҳо низ ҳастанд ба умеди фардо. Рўзи бозгашт барои азизтаринашон баранд. Аммо дар роҳ сад пос пайдо шудааст, ки ҳамаро аз чашми сўзан гузаронида, сонӣ гузар диҳанд. Ба умеди чапғалат намешавад. Ҳамсояҳо дар саросари кишварашон минаҳо гўр кардаанд, ки на мол монаду на чўпон; роҳгузар, гуреза, ҷосус халосӣ надорад.
Ягон чиз ноҷо нест дар ин дунё. Ҳама чиз чунон сохта шудааст, ки яке набошад, дигаре чӣ кор ояд. Нодор набошад, доро аз куҷо шавад? Муш набошад, гурба то кай пойи соҳибашро молида, ин тарафу он тараф «мяв!» гўяд? То кай резаи хон хўрад? Бо баҳонаи гарм шудан ба ҷогаҳи кўдакон даромада онҳоро гарм кунад? Ҳамааш хушомад; барои рўз гузаронидан. Ҳоло ҳамон резаи хон ҳам нест, то гурбаҳо хўранд. «Мяв!» гуфта худро ба пойи соҳиб зада, пеши пой диҳанд, байни поҳо гузар кунанд; аз ин по ба он по зада, соҳиби гурусна ва берўзиро ба танг оранд; ва соҳиб аз андешаи зиёд, ки сараш кафам-кафам, мегўяд ба танг омада нозгунҷро пеши пой занад: «Ман хўрдаму ту мондӣ?
«Мяв! Мяв!» Дар пойи ман рўған рехтаанд, ки мелесӣ. Рав! Оламро муш зер кардааст, ту ба умеди думба!

пешина
аз 378
навбатӣ