Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Ва мардумро бо рангу шакл ва афту башараи хеш дар ҳайрат гузоштанд: гўйӣ онҳо андар ошдону дегдон зиндагӣ карда ҳар бори даромадану баромадан худро дегмол кардаанд ё дар хокистар ҷўлидаанд. Сиёҳ. Ба мушони ҷойдорӣ монанд нестанд. Ва он қадар гурусна, бешарм ва рўйинатан, ки будаи миёни дасту дандонро рабуданӣ мешаванд. Онҳо ҳоло сарфаҳм нарафтаанд, ки нархи мол осмонӣ шуда, рўзафзун ба осмони ҳафтум мебарояд. «Худамон қимат харидагӣ!» Посух медиҳад фурўшгор ба пурси харидор.
Дар самти ғарбии Бандар бемористони умумии мамлакат ва Морг воқест, ки мардуми таҳҷойӣ «мурдахона» гўянд. Ва наҳр ин музофотҳоро миёнбур карда гузарад. Дар тарафи шарқӣ, аз рўд он сў, дар сари баландӣ Хонаи Афсар қарор дорад, ки мушон аз тиру тўп ва камони дасти сарбозон тарсида, нарафтанд. Лашкаргоҳи мушон шуд канори наҳр. Аз рўйи тақсимоти Росу онҳо ба тамоми гўшаву канори Сангистон паҳну парешон шуданд.
2
Росу – Мири мушон. Ба хук монанд: шаклаш, фўку биниаш, сафедии таги шикамаш; гарданаш ҳам. Бўй зада, ҷуста пеш рафтанаш ҳам. Лек Росу дар ранг фарқ мекунад аз хук; ҳатто аз мушони дигар. Росу қаҳваранг. Тор-тор мўйлаб дорад. Болотари чашмаш дусихӣ тори ғафс, ки вазифаи абрўро адо кунад. Думаш қарқара.
Мардуми ин ҷо мушро зиёд дида бошанд ҳам, рангу раҳмони ин мушҳои дайдуи нохондаро дида ҳайрон мешаванд. Гўё аз даруни хокистар баромадаанд. Мушҳои дигар бўрранг ва сиёҳ.
Думашон қарқара. Тозиёнаи бофтаи дасти бузкашҳо барин.
Пўсташ монанд ба пўсти мор; пашизчаҳои ноаён ё як тасмаи сохтанамои моҳиёна дорад. Бинӣ, мўйлаб ва танашон аз ҷунбидан бознамеистанд. Шаб, ки аз андешаи зиёд хобаш набурда буд, ба сараш зад, ки тани танҳо чунин лашкаркашии бузургро саришта карда натавонад ва дар як вақт дар ҳама ҷо расида натавонад, мушҳое мебод, то ба ў монанд бошанд. Нест-дия ин хелаш. Имкон ҳам надорад, ки муше ба ў монанд бошад, ҳамон замон хоида мехўрад ё хоида мехўранд. Каломушҳо ҳастанд; ба ў баробар набошанд ҳам, ҳастанд. Лекин таълимнадида ва ақлу фаросоташон ба дараҷаи ақлу фаросати Росу нест: «Таълим додан мукин.
Қаду қоматашонро ҳам баробар кардан имкон дорад. Бисёртар мехўронем… Ба гуфтан осон. Аз куҷо мехўронем? Дар сурате, ки худамон нону донаи серӣ наёбем. Ман худам камтар мехўрам ва ба онҳо монанд мешавам. Аз ҳазор касро ба як кас монанд кардан, як касро ба ҳазор кас монанд гардонидан сабуктар аст.
Қарор ҳамин. Биёред!» беихтиёр вазъу ҳолро ба инобат нагирифта фарёд зад ва пушаймон шудагӣ барин даҳонашро дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор