Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Хешро аз об раҳо мекунам, гуфта, ҳаво хўрад, ба сангу харсанге бархўрда ҷо ба ҷо мешавад.
Хулоса, ба об заданд худро пайиҳам, ки аз халта чормағз мерехта бошад. Ҳубобчаҳо барин рў-рўйи об рафтанд, гўшҳои хуконаашон метофту чашмонашон. Ҳар ҷо-ҳар ҷо ғайб мезаданд, боз метофтанд. Чун ба шаршару гирдобҳо мерасиданд, бархе аз об бурун омада, бо хушкӣ гирд гаштанӣ мешуданд. Дар чунин ҷойҳо лашкар пароканда мешуд. Росуро ғам мегирифт: «Аз ин кор Мушгир мехўрд, беҳтар буд». Ғайбдонҳо мегуфтанд, ки он маккорҳо ба умеди бозёфтҳои зери хок кардаамон бозгашт омада, пештар аз мо ғанимат бурданӣ. Росу хашм мегирифт ва Вазири корҳои дохилиро фармон медод, ки тамоми роҳҳоро баста, дар ду ҷониби посгоҳҳо мина гузоранд, то хиёнаткорҳо лахт-лахт шуда ба ҳаво парранд.
Боқӣ ҳар кӣ ҳамроҳи Росу буд, бе киштиву амаду гупсар баробари об аз санг ба санге зада, то бандари Наҳри Бузург, ки обаш сўйи Куҳандиз мерафт, расиданд. Қароргоҳ ҳамин ҷо шуд. Аммо бандар лашкари Росуро гунҷонида натавонист. Ҷониби шимолии бандар Боғи Ҳайвон буд. Қисме аз лашкарро он ҷо фиристод, ки то ҷо ба ҷо шудан ва шаҳрро хубтар омўхтан сарбозон аз ҳисоби хўроки ҳайвонҳо зиндагӣ кунанд. Ҳайфову дареғо, ки дар Боғи Ҳайвон касеро дучор омадан душвор буд: баъзе гурехта буданд, бархеро бурда буданд, ягон-ягон худкушӣ ҳам карда буданд. Як маймуни одамшакл монда буду як фили ҳиндӣ. Маймун «Сабр мекунам, то одам нашавам аз ин ҷо намебароям» мегуфт ва фили ҳиндӣ бо рафидаи пой даҳони сўрохи мушро пахш карда як ҳафта боз пой намебардошт, ки мушак баромада ба биниаш надарояд…
Ростӣ, маймун зуъм дошту фил карахт буд ва аз омадани мушони бегона ҳар ду ҳам ба таҳлука афтоданд. Аммо мушон баробари ба ин аҷоибхона даромадан дар ҳайрат монданд. Хўрдание набуд. Шояд зуъм ва сукути фил ҳам аз бенавойӣ бошад? Устухон, пахол, косаҳои обхўрии холӣ, занҷирҳои гусаста, пашму пўст ва пару болҳои рехта, пўсти афкандаи мор, чўбҳои хоида ва пуфакҳои кафидаи дар панҷараву симтўрҳо часпида, ки замони ба сайру гашт омадани пионерон ё октябрятҳоро гувоҳ бошад. Ва боз лашу луши зиёд, ки на филу маймун хўраду на муш. Аҷибтар ва ғарибтар аз ҳама он аст, ки дари панҷараи фил ҳам, аз они бўзина ҳам кушода ва онҳо баромада рафтан нахоҳанд… Зиёдтар аст ҳайрати мушон, ки донае пайдо нест. Батар аз мамлакати ҷангзадаи онҳо.
Фавҷи дигарро ба Бозори Париён, ки дар ҷанубии Бандар буд, ҷойгир кард. Хўроквориро аз сари бом мусича фуромада мехўрду аз буни деворҳо мушҳо метохтанд. Мушҳои гуруснаи рўйинатан аз фурўшгорон натарсида, рўйирост ба кашондани моли бозор машғул шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор