Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ту, Ҷосу, маҳмаддонойӣ накун! Ҳамаи ҳамин корҳо вазифаи ту – Вазири корҳои хориҷӣ! Ҷосус ҳам ҳастӣ. Бояд ҳамаи ҳамин чизҳоро донӣ ва пешакӣ ба мо хабар диҳӣ. Баракс мо аз ту пештар бохабар гашта, худро эҳтиёт мекунем.
— Рост, дўстам. Шумо ҳастед, ки мо ҳастем. Шумо намебудед, мо дар ягон давру замон соҳибмулк намешудем. Лекин гуруснагиву қаҳтӣ ва одаммурӣ вазнин омад.
— Сабр! Сабр! Як сол сабр накунӣ, гандум намепазад…
— Касе чу ман пурсабру тоқат нест, Олампаноҳ. Аз обандозии дасти шумо сар шуда буд корам. Бинед, то куҷо расидам? Аз баракати шумо. Мо ҳолдону роздонем. Мабод ҷудойӣ. Ба гўши худам шунидам, ки одамон «Намакхўрда чил сол андеша дорад»
мегўянд. Мисоли равшан меорам, ки мо намекорем, намедаравем, намекўбем… лекин киштаи дигаронро як сол нигарон мешавем.
Аз ин ҳосил то он ҳосил. Гумон мекунам, ки сабр аз ин зиёд намешавад. Як чизро гўям, ки кори мо он вақт сар мешавад: шабу рўз нагуфта бо баччу кач кор мекунем. Ин рафтори мо ба дуздиву ғоратгарӣ хоб намеравад. Ҷўгивор медавем. Чунки ризқи ҷўгӣ дар пояш; ризқи мо дар хонаи одамон. Боз мегўям, ки рафтори мо ба дуздиву ғоратгарӣ хоб намеравад ва ҳаром ҳам нест. Чунки дар вақташ тақсимот чунин буд.
— Барои ақли расоят ман туро нағз мебинам, Ҷосу!
— Рост-дия! Деҳқон шабҳо бароҳат хоб меравад; мо мурдамурда кор мекунем.
— Лекин… Мушгири баднамо намешуд…
— Як рўз не, як рўз ба даст меафтад; дар ҳамон баландӣ тир хўрда, пеши поятон меафтад, Олампаноҳ.
— Он вақт! Он вақт! Он ва-а-ақт!!!
— Дилашро канда ба шумо медиҳам, Олампаноҳ!
— Медонам.
Бо ҳазор ранҷу азоб, бозёфтҳоро зери хоку зери санг ва мушхонаҳои ошноён ҷой карда то лаби рўде расид лашкар, ки дар китобҳои қадима Фушун ном дошт ва ҳоло баъзе донишмандон Афшон низ гўянд. Ду рўз аст, ки Мушгирро намебинанд. Канори рўди шўхоб, ки сари обаш пирчи дерсола буд, орамида, андаке нерў гирифтанд. Машварат оростанд, ки ба шаҳри хобдидаи Росу бо кадом роҳ раванд. Зеро ҳама ҷо кўҳу шах буд, гурбаҳои ваҳшӣ ва морони мушхўр зиёд дошт ва сари қуллаҳои баланд уқобсуратоне нишастаанд, ки тамоми самту соҳати заминро дида, ҳар ҷонвари хазандаву давандаро зери назар дошта ба шикор мебароянд. Вазир Роҷуи тарсу аз тарси ҷон «Бо об меравем» гуфт, гарчӣ чандон обдону оббоз набуд, ланда зада наметавонист; дар гирдобҳо аз думаш дошта, кашола карда мебароварданд. Ҳоло ҳаваси бо об рафтан дорад аз тарси Мушгиру мор, вале намедонад, ки рўди кўҳӣ шаршарҳои сӣ-чилгаза дорад.

пешина
аз 378
навбатӣ