Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сахт ғам диҳад Мушгир. Айнан чархболи «МИ» барин. Чун дар ҳаво пайдо гпшт, ҳама ба мушхонаҳо ҷой шаванд. Канори баҳру наҳр бошанд, зери об раванд; дар кўҳҳо бехи санг, зери бута ё обканд баҷо гарданд. Лек дар чунин ҳолат ҳам бол кушода душманро буни санг ё бехи бутта ҷо карда, дер дорад, ки ҷойи гурез намонад. Сонӣ бо минқор ё чангол дошта, кашида гирад.
Роҳи халосӣ надорад. Алҳол ягона ҷойи камхавф канори об аст, ки баробари бохабар гаштан худро ба об зананд мушҳо. Баъдтар аз ҷафои Мушгир гурехта, шабрав шуданд; рўз дар ягон ҷой пинҳон мешуданду шабҳангом лашкар мекашиданд.
Ва ҳоло Мушгир як муши монанд ба хукчаро дар чанголи чаппаш овезон дошта сўйи кўҳ бурд. Росу аз чунин ҳунари ў гирифтор ба худ шуд: «Чаро Худованд моро аз бинии хук афшонда, ин қадар зираку доно офарида, дандони тез додаасту бол ато накардааст. Ба он «уқобчўҷа» пару бол додаст? Ва назараш хокиёнро нагирифта, ба ҳар ранге хоҳад, масхара кунад. Рўйи рост кунад ин корро; аз касе натарсидаву наҳаросида. Кори мо дуздӣ. Дуздему гурезогурез карда гардем, ки ана-ана дастгир кунанд ва ба сарамон равған рехта оташ зананд. Бар хирмани оташ гузоранд. Ҳамин хел ин одамон. Чунки онҳо ҳам бо сад азобу шиканҷа – дуздиву тозӣ карда, барои рўзи мабод ҷамъ оваранду ғун кунанд ва мо дар як лаҳзаи ғафлати ў ғундоштаашро рабоем. Сонӣ одамӣ «Роҳзан дуздро зад!» гўён доду фиғон карда гардад ва белу метину каланд кунад, то мушхона кобад. Ин солҳои қаҳтии Ҷанги Ҷаҳонии асрҳои миёна буд. Худо нишон надиҳад: барои аз гуруснагӣ намурдан ҳар чизе, ки доштанд, ба савдо монданд; ҳатто духтаронро. Лекин дар ҳамон солҳо ҳам бонангоне буданд, ки дар хонаи сарду яхбастаашон, зери бори нанг монда мурданд, вале ба касе рўйи ниёз наоварданд.
— Шумо чаро чизе намегўед?
Ларзону ҳаросон аз пайи рафтани Мушгир чашм наканда ва ҳазорон бор шукргузорӣ кард ва баъди дур шуданаш чун одати одамӣ ўро дашном дода, пурсид Росу.
— Мо? Мо метарсем…
— Аз он уқоби тезчангол?
— Аз шумо, Олампаноҳ…
Посух дод Роҷўи вазир ва Ҷосу афзуд:
— Аз сиёсати шумо! Ана, ба он парранда нигаред, ки бо афсунатон дар осмон шах шуда монд, бол зада натавонад. Бофта баровардаанд, ки истода, шамол хўрад. Дар ҳаво бе дасту по истода шамол мехўрдааст. Бефаҳмҳо! Ин сиёсати шумо ўро гирифтор мекунад. Шумо бо нафасатон ўро бозмедоред. Ва ў ноилоҷ тарсида, худро дар ҳамон баландӣ мебандад, то наафтад. Ҳамин хел шумо, Олампаноҳ, даҳони моро ҳам мебандед, то лом гуфта натавонем.

пешина
аз 378
навбатӣ