Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 378 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сонӣ белу каланд карда меканданд сўрохи муш ва баччаҳо даст андохта мушони беҳушро кашида мебароварданд. Боз меканданд; пиндор шолии захира кардаи онҳоро бозгирифтанӣ буданд. Вале онҳо ҳезум хирман карданд; мушони мурдаву беёд тори он чиданд ва оташ заданд ҳезумро.
Гумон мерафт, ки алами гуруснагӣ ва қасду қасосгирии одамист чунин амал, то тухми мушон сўзонда, нобуд созад. Мушон вағғиданду сўхт пўсташон чунон, ки мўву пўсти хук аз оташи лампаи насрониҳо. Сонӣ ҳар баччаву бузургсол дар даст муши сўзони аз оташ бардошта пуф-пуф карда хокистару сиёҳӣ пош медоданд ва дандон ба муши пухта мезаданд. Гирди гулхан зиёфати шоҳона буд.
Мушони гуруснатар аз инсон ғазаби кашоварзонро дида ва хоби сарвар Росуро баҳона оварда, лашкар кашиданд сўйи Шимол. Чун зоти сафар надоштанд, ҳаммонанди ҳама гуна лашкари тороҷгар раҳораҳ ҳар чизи пеш омадаро несту нобуд мекарданд ё ғанимат мегирифтанд. Ва дар мушхонаҳо мегузоштанду пеш мерафтанд.
Ба умеде, ки дар бозгашт ҳамроҳ гиранд; ба ватан баранд. Зеро аҳли байт ва зану фарзандро ваъда дода буданд, ҳар чӣ ғанимат афтад, бо корвон фиристанд ва баъд ёфтаву тофтаро ҳамроҳ оранд.
Ба назар оғози лашкаркашӣ бад нест: бе ҷангу бонг ва бе хунрезӣ шаҳру рустоҳо пешкаш мешаванд ва бозёфте ба даст меояд. Аз ҳама хубаш: гурусна нестанд ва мушхўрӣ накунанд… Лекин як балойи осмонӣ рўз намедиҳад. Ин ҳамон паррандаи монанд ба уқоб аст, ки минқори устухонӣ ва чанголи оҳанӣ дорад. Ба уқобу шоҳин монанд. Лек худи мушон ўро Мушгир ном ниҳодаанд.
Баландтар барояд, ба каргас монанд шавад. Зеро он лошахўр лашкарро бинад, ҳамсафар шавад бо нияти бад, ки сутуре ё сарбозе мирад, аз осмон фурўд омада, ба тораш нишинад ва хўрдан аз чашму забон ё сари сина оғозад. Мушгирро ҳамон вақт фарқ кунанд, ки дар ҳаво ором истода, заминро аз назар гузаронад ва қусури дар зери осмон орому беҳаракат истоданро бароварданӣ шуда якбора бол чунон ларзонад, ки шамолдиҳаки мотори мошин (лопос) чунин ҳаракат накунад. Шамолхўраку чўҷабарак низ ҳаст ў. Ба ҳеҷ ваҷҳ каргаси мурдахор нест. Сайёди дурбину зирак ва хеле гирочанг. Ана ҳамин ҷонвар ғам диҳад лашкарро. Зеро ҳар рўз аз пеши назари Росу сарбозонашро чанг зада гирад ва кашол дошта сўйи кўҳ барад. Гоҳ-гоҳ худи Росуро дид карда аз авҷи фалак санг шуда фарояд ва ҳамон зайл бар муше нишаста чангол занаду бардорад. Дасташ ба Росу нарасад. Зеро ўро ҷондоронаш ва ҳамсафонаш иҳота кунанд ва гоҳи барқосо омадани ў худро қаҳрамон нишон доданӣ шуда, Росуро миёна гиранд ё болояшро бо ҷисму ҷонашон бипўшанд; ҷон садқа кунанд; ҷон – садқаи вазифа. Ҷонфидоии онҳоро Росу бо чашми хеш бинад; қаҳрамони ҷанги заминиву осмонӣ хонад ва ба зану фарзандашон кўмакпулӣ фиристад ва дар қарор дарҷ кунад, ки фарзандонаш ба корҳои хуб монда шавад.

пешина
аз 378
навбатӣ