Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 10

— Ту ҳам ҷонибдори вазир! Шумо якқавла шуда... Ин воҷеа дар кишвари мо не, дар як мамлакати дур, тахмин дар пушти кўҳӣ Қоф рух додааст... Мо зангӣ-ку! Онҳо сафед, мўйи сарашон ҳам сафед, лекин чашмонашон танг. Ман дидам. Шумо бовар надоред... чунки дўсти ман нестед... Охир сари маро мехўред!
Беҳтараш, пештар аз шумо ман ин корро кунам!
«Билло не!»
«Волло не!»
— Агар не! Чӣ бояд кард?
Ҷосу чун хонандаи синфи аввал тарсидаву ларзида даст боло кард.
— Ҳа?
— Мо олими Оламдон дорем. Агар ҳавай надонад, моо…
— Шумооо… шумооо…Ў дар куҷост?
— Агар аз гуруснагӣ намурда бошад…
— Пайдо кунед!
Рафтанду омаданд. Пайдо накарданд.
— Зери замин шудааст…
— Нав ман аз зери замин омадам! Набуд он ҷо! Чӣ ў аз паси ман ҷосусӣ мекард?
— Неее… Олампаноҳ… Мурдааст…
— Чӣ-ба ту намурдӣ?! Аз зери замин бошад ҳам, меоред! Гап якта!
Амри подшоҳ – воҷиб. Ҷуғрофидони кафанпечро мушон бардор-бардор карда то зери маснад оварданд. Росу дуру дароз нигаристу аз хоб бедор шуд: «Зери замин баред!» Аз паси онҳо дод зад: «Раммолро ҳам баред!»
Дар дасту пойи Ҷосуву Роҷу мадору фара намонд.
— Ман худам медонам он мулкро!
Онҳое, ки аз ҷабри қаҳтиву хушксолӣ ғарибкорӣ рафта буданд,
баъди валу вайрон гаштани мулк баргаштанд ба ватани аждодӣ ва
бо худ шолӣ оварданд; зиёд на, кам-кам дар ҷайбу даруни пойафзорҳо ва занон дар гўшаи рўймол гиреҳ зада тухмӣ оварданд
ва хок бар лаби рўдбор рехта, воту марза бардошта, дона даруни
об пошида лойоба карданд. Рўйид шолӣ. Вале пухта нарасида ва
пояи шолӣ зард нагашта сабз дурўданд; зеро мушони гурусна сари
хўшаро хомохом лиф гардониданд. Ғазаб карданд кашоварзон ва
хафоли мушон канданду кофтанд. Сияҳпўстони фатиламўйи бараҳна, ки барги анҷир пешбанд карда буданд ва занон синаҳои
сиёҳ кашол мору муш аз пали шолӣ меронданд; мор ба хафоли
муш медаромад. Онҳо чўбкаду дар даст андарунаш пуф-пуф дам
меандохтанд ва дуд аз ҷумаки паҳлўи чўбкаду бароварда, ба даҳони хафоли мушон медоштанд; ба зарби даму пуф дуд ба куноми филгўшҳо паҳн мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор